Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дилам ба захми хадангаш зи баски муътод аст,
Хаёли новаки ӯ сарнавишти устод аст,
Аз он замон, ки ба зулфи ту шона маҳрам шуд,
Ғизоли дашти Хутан зери нахли шамшод аст.
Шудам барои тамошо ба боғу дидам дӯш,
Ки баҳри як гули рӯят ҳазор фарёд аст.
Ба дашти ишқ, ки ваҳшат далели мақсади ӯст,
Ҳадиси зулфи ту доми умеди сайёд аст.
Агарчи аз адабистони васл маҳрумам,
Ҳанӯз дарси ғами ишқи ту маро ёд аст.
На раҳбаре, ки расонад ба сӯи Ширинаш,
Садои теша далели тариқи Фарҳод аст.
Зи банди фикри таманнои бешу кам бигузар,
Хушо касе, ки зи бори тааллуқ озод аст!
Мабош ғарра дар ин олами харобобод,
Ки хишти зербинои вуҷуд аз бод аст.
Чӣ суратам, ки ба нақши вуҷуди ман, Туғрал,
Зи мӯи чинии фағфуру килки Беҳзод аст?!
Ҳар киро шӯхи парирухсор аст,
Соғари ишрати ӯ саршор аст.
Зоҳидеро, ки сафо дар дил нест,
Субҳаи ӯ на кам аз зуннор аст.
Зулфи ӯ дидаму гуфтам дар дил:
Ҳар куҷо ганҷ бувад гар, мор аст.
Аз лабаш вақти сухан дур борад,
Лаъли ӯро зи Бадахшон ор аст.
Кай бувад ёр барӣ аз ағёр,
Як гуле нест, ки ӯ бехор аст.
Дар талаб неҳ, ту, қадам оҳиста,
Кӯҳи ин бодия ноҳамвор аст.
Кӯҳкан ҷон ба абас мебозад,
Кандани кӯҳи ғамаш ночор аст.
Иқди1 зулфаш нашавад ҳал осон,
Ки ба ҳар ҳалқаи ӯ асрор аст.
Бе фано кай бувад имкони вусул,
Ба ҳарими ҳарамаш гар бор аст.
Хурда2 дар гуфтаи Туғрал кам гир,
Коснӣ ҳам гуле аз гулзор аст.
1 Иқд – гиреҳ, банд, таноб.
2 Хурда – эрод, таън.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё