Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас бо овози баланд гуфт:

  • Офтоб ҳам доғ дорад! – ва ба тарафи шарқ ишора кард.
    Ҳама ҷониби офтоб нигоҳ карданд. Офтоби сари куҳ месўхт. Абрҳои болояш пахтаи оташгирифтаро мемонданд. Гўё бори аввал медида бошанд, ҳама чашм ба офтоб дўхтанд; доғҳои офтобро акнун медиданд. Баъд суханони Наимро бо ишораи сар тасдиқ намуданд. Кашфиёти Наим дар ин бегоҳӣ аксарияти мардумро шод гардонд. Духтардорҳо худро баробари офтоб диданд. Як сухани Наим офтобро ба замин, ба миёни онҳо, фуровард.
    Моҳ ҳам не, Офтоб!
    Ва боз на каси дигар, на Раҳмати Нинӣ, на Ҳасани Труба, на Ҳасани Дил, на усто Шодмон, балки бонуфузтарин одами даврашон, садрнишини маҷлисҳои солона, сардори тўю маъракаҳои деҳа, бригадири номдорашон Наим мегўяд. Чанд содадиле ҳеҷ намехостанд хурсандиашон пинҳон монад. Оре, бо як суханаш Наим офтобро ба замин, ба миёни онҳо, фуровард.
    Гўё ҳеҷ ҳодисае нагузашта бошад, Наим даст ба миён гузошта, бо савлат ба одамон, баъд ба гунаҳкорон нигарист. Хиёл бо чанд ҷўраи худ меистод; онҳо малул буданд. Саборо дар ҷойи пештарааш надид; ягон зане наменамуд. Тааҷҷуб кард. Тааҷҷуби ў ба одамони атрофаш гузашт. Онҳо ҳам аз ногаҳонӣ ғайб задани «авратҳо» ба ҳайрат афтоданд.
    Наим Бозорро имо кард. Бозор, ки тираш имрўз ба нишон расида, даҳчанд натиҷа оварда буд, ҳамчунин, вазифаи ёрдамчии бригадирро хуб мефаҳмид, бе ҳеҷ сухан ё ишораи ҷавобӣ хидматгузорона аз пайи занҳо рафт...
    Бачаҳо ба назди хари сафед омаданд. Дар тани ў ягон осоре аз хун надиданд. Пўсти хар пахта барин сафед буд ва изи пошнаҳои мўза нақши рўйи коғаз барин метобид...
    Онҳо бори нахуст ҳалокати ҳайвонро бо зарби лагад диданд: даҳшатнок буд ин манзара. Марги хомўшонаи модахари сафед дили онҳоро сахт озурда буд... Чашмашро кушода диданд: дурахши чашмонаш шишаи гардолуд барин хира буд ва торафт кам мешуд...
пешина
аз 186
навбатӣ