Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Об дар даҳонашон хушкид.
Хиёл сар ба зер андохта, дар болои кулўхи сари ҷўя менишаст ва аз барги хушку ларзони пахта чашм намеканд. Медонист, ки Наим бо чӣ ният хари сафедро кушт.
Дигар дар бораи он андешидан намехост, ҳушаш ба офтоб, ба гапи Наим банд буд. Суханони Капичаро, аз намоишномаи телевизионии «Саҳли мумтанеъ», роҷеъ ба доғҳои офтоб ба хотир меовард... Доғҳо дар ҷабини офтобанд. Аз аввал бо офтоб буданд ва бо офтоб мемонанд. Онҳо ҳамсоли офтобанд ва то абад аз пешонаи офтоб сутурда намешаванд... Ин фикрҳо дили Хиёлро гармӣ бахшиданд. Ба гумони ў офтоб бо ин ҳама доғҳояш ба сурати ҷанини модар (дар китоби анатомия ва физиологияи одам) монанд буд.
Хари сафед дам оварда буд, медамиду варам мекард.
Мардҳо то ҳанўз сархам менишастанд ва бодиққат ангуштони худро қату рост мекарданд. Акнун вақти муроқибаи воқеаи нохуши имрўза расида буд. Ҳарчанд зўр мезаданд, худро аз қатори шарикони воқеа дур гирифта наметавонистанд, таги дилашон сиёҳ буд. Ба Наим нигоҳ намекарданд.
Ў Бозорро нафрин мекард: “Ландаҳур, куҷоҳо гум мешавад ин мардак?” – мепурсид аз худ.
Бозор ҳам дар болои сарҷўй намоён шуд. Ў чути дасташро болову пойин карда медавиду ҳарсос мезад. Чанд духтари бешўй ҳам аз пушти ў медавиданд. Мардум безобита шуда, аз ҷой бархостанд. Касе овоз намебаровард.
Дар сари ҳар кас ҳар хел гумон буд.
«Аз ҳамон ҷо гўю мон. Ба таги бинии ман омада гуфтан шарт набудагист!»- мегуфт дар дил Наим.
- Сафияро дард гирифтааст, - гуфт Бозор оҳиста ба гўши Наим ва пас нафас рост кард.
Духтарҳо сахт ба ҳаяҷон омада буданд. Чашмонашон бозӣ мекард. - Наход?! – тааҷҷуб намуд Наим. - Ҳоло барвақт- ку!?
О, дина коғази духтур овард!
Бозор китф дарҳам кашид: «Ман аз куҷо медонам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё