Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чойи пеши худ гузоштаи соҳиби қаровулхонаро низ гирифта, як қулт нўшиду пиёларо ба ҷояш ниҳода, бо тамкину осудагӣ гуфт:

  • Як мошин дар ҳамин наздикӣ чаппа шудааст. Одамони дарунаш дар касалхона.
  • Тинҷӣ будааст охир,- пурсид Ҳидоятулло.
  • Ҳо, тинҷӣ!- ҷавоб дод мардак.- Ҳоло акнун дар касалхонаанд.
  • Чӣ хел мошин будааст?- пурсид Ҳидоятулло.
  • Мошини ҳамин район,- ҷавоб дод мардак
  • Не, наход? Аз кадом совхоз?– пурсид пирамарде, ки дар паҳлуи Ҳидоятулло, рўи кат, нишаста буд.
  • Ба гумонам, аз ҳамин совхоз буд!- гуфт мардак.
    Ў бисёр мекўшид, ки ором ҳарф бизанад ва муваффақ ҳам мешуд.
    Ҳидоятулло як такон хурду нимхез шуд дар рўи нимкат.
  • Чӣ хел мошин!?- пурсид ў.
  • Мошини хокистарии нав, – гуфт мардак.
  • Не, писари ман дар мошини куҳна рафта буд,- гуфт ў ва боз каҷпаҳлу зад. Вале оромиаш рафта буд. Изтироб дошт, пиёлаи дасташ меларзид, ки чанд қатраи чой ба рўи гилем чакид. Ў пиёларо ба рўи гилем ниҳод.
    Мошини зард дар паҳлуи магазин истода буд Ҳидоятулло бархосту тарафи магазин нигоҳ кард.
    Шофири мошини зард дар он ҷо буд, вале писарашро намедид.
    Ба тарафи магазин рафт.
    Мардак аз пиёлаи чой чашм намеканд.
  • Тинҷӣ аст, охир, э, мардак!- пурсиданд аз ў.
  • Не, тинҷӣ нест, мардака танҳо намонед. Ман ўро ба марказ мебарам, ягон нафаратон ҳамроҳаш биёед.
    Одамон хомўш ба ин мардак нигоҳ мекарданд.
    Ҳидоятулло дар пеши мошини зард истода буд.
    Халил ку!? – пурсид ў аз шофири мошини зард.
  • Ҳозир миёян, ў дар мошини нав нишаст. Ман дар гардиши Чилча аз онҳо гузаштам.
    Ҳидоят панҷаи беангушташро ба футааш ниҳоду ба одамон нигоҳ кард.
пешина
аз 186
навбатӣ