Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ўро дигар интизор нест; се моҳи аввал хуб пурсуҷў кард ва пасон ором шуд. Оромии гарон…
МАРГИ ХАРИ САФЕД
Ҳикоя
Диламро ҳиссиёти баланд фаро мегирифт, тафсида ва фароху беҳудуд мегашт. Мехоҳам ҳамаро ба оғўш бигираму бибўсам! Сухане самимӣ бигўямшон! Ҳама, ҳама, ҳама, ҳамаро! Ононеро, ки мешиносам, ононеро, ки ошношон нестам. Мебинам, ки ба ҳаёт сахт муҳаббат дорам!
Муҳаббатам беҳудуд аст; ба ҳама некӣ мехоҳам ва ҳамаро дўст медорам: ҳам Адҳами девчашмро, ки аз гум шудани хараш ҳай ғўсса мехўрад ва аз саҳар ғур– ғур дорад, ҳам Сафияи маҳурўзро, ки коғази духтур овардаасту аз фардо дигар ба кор намеояд (Илоҳо, бедарду безахм таваллуд кунад!), ҳам Бозори табелчиро, ки қалами ҳамеша дар бехи гўшашро имрўз уфтондаасту ду соат шуд, дар миёни буттаҳо ва ҷўякҳо чорпо мегардаду бехи пахтаҳоро мепалмосад. Охир, то баркашидани пахтаи мардум ним соат мондааст! Бо чӣ бинависад?! (Илоҳӣ, дилкаф нашавад!) Ҳам он ҳама чиҳилу нуҳ нафаре, ки рў ба замин оварда, пахта мечинанд, ҳам он абри хокистариро, ки шиками сардаш болои теппа омада, ҳам он ду нафареро, ки дар даруни сағонаи куҳани қадимии пуштшикаста канори ҳам хобидаанд. Бале, дилам ончунон меҳре дорад, ки мурдаҳои хазорсоларо низ метавонам оғўш кунам ва бибўсам!
Аз талотуми эҳсосот нафастанг мешавам. Шарёни хунро дар рагҳоям мешунавам. Чи мавҷҳоеву чи маҷроҳое аз сари ман мегузаштанд. Чун гармшудагон сар аз миёни мавҷҳои базеб берун меорам ва башиддат, ҳарисона ҳаво мегирам.
Орому камсадо аз миёни ғарамҳо бурун меоям ва аз девори сағона мегузарам. Садафро мебинам, ки дар қадди сарҷўй башитоб боло мерафт. Мўзаҳои кирзаш ғўзаҳои хушкро мерезониданд ба оби ҷўй. Ва об ғўзаҳоро поён меовард. Ман онҳоро аз об мегирифтам. Оби ҷўй хунук буд. Тоқиамро аз пудиназор гирифтам ва дар об шустам, пас дар он об гирифтам ва бар сарам рехтам ва аз пардаи резони об офтоби сари заминро дидам, ки дар ғурубгоҳи азалияш нишаста буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё