Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Рўз ба поён мерасид. Як рўзе дар пахтазор… Ин ҳамон лаҳзаҳоест, ки шамолаки нарм аз куҷоҳое меояду тафси рўзро бо бўю тафи пахтахои дорувара аз биниҳомон мебарад.
Мардум дар ин чанд лаҳзаҳои охири рўз ба пахта ҳарис мешаванд, бо шитобу шавқ ба буттаҳои харобу нотавон дармеуфтанд, ҳуҷум меоваранд, мошин мешаванд, то ду кило зиёдтар аз имконоти худ пахта бичинанд. Ва ин ҳамон як дамест, ки овозҳо хомўш мегарданд, номе садо намедиҳад, овози одамӣ ба гўш намерасад, шўхӣ намекунанд, намеханданд, вақт нест! Ҳатто Бозор ҳам ин лаҳзаҳо дар гўшае хомўш менишинад: «дафтар тафтиш мекунад!»
Хамўшиву сукунате, ки ҳатмӣ бо шўру ҳамҳама интиҳо меёбад! Андаке баъд, ҳатмӣ фарёдофарёд ва хурўше аз ин майдон мехезад, ки касе назири онро дар ҷои дигар наёфтааст, магар дар пахтазор.
Вале ҳоло ташвишу изтироб ва ҳаяҷон ҳангоми ғуруби офтоб мардумро фаро гирифтааст. Вақт кам аст, вақт нест, кам чидаем, сад кило начидаем! Ақаллан, чанд қабзаи дигари пахтаро дар фартукомон биандозем! Боз як қабзаи дигар, боз, боз ва боз! Ҳо, ана, ў ниҳолро бубин, ки чӣ қадар шукуфо аст, саропо сафед, дока воре. Ҳамонро бичинам, ба ҳамон бирасам, бас… Вале аз ниҳол ҳам мегузарад, боз ҳам кам аст. Мумсик шудаем: як панҷаи дигар бичинам, як ғўзаи дигар… Халтаро бо ду даст вазн мекунем. На, вазни матлубро пайдо накарда! Кам аст, кам аст! Боз бичинем, боз камтар бичинем, бисёртар ҷадал кунем! Дастҳо, дастҳо, кусикҳо, пағаҳо … Акнун ҳама мошин шудаем, дастҳомон ҳаракатҳои ҷунуномези парешон доранд, гоҳ ба зеру гоҳ ба тори пахта қап мезанем…
Ин ҳама ташвиш, ин ҳама изтироб ба хотири чор танга! Як дунё ташвиш, як дунё изтироб, ҷунбуҷўш, ҷўлидан, лўчидан!..
Миёни ин ҳама ташвиш боз изтиробе нав, тоза ва ширину лаззатбахш зам шуд. Мо ду кас ба хам ошиқ шудем!
«Ҳозир, ҳамин ҳоло фарёди Сайкор(Бозори табелчиро, ки пайваста нос дар даҳон дорад ва дар талаффузи ҳарфи «р» душворӣ мекашад, мардум «Сайкор» меномиданд) даштро фаро мегирад!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё