Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданТоқиамро меҷафам, ба зонуям мепўшонам ва гирд мегардонам, ки дурусту бечин бишавад. Баъд дар сари шохаи беғўза меовезамаш. Барнамехезам. «То овози мубораки Сайкор баланд нашавад, намехезам! Бас аст, дигар пахта намечинам!»
Нигоҳ мекунам: Сайкор нўки теппа мебарояд. Баъди лаҳзае ҳатмӣ фарёди ўро хоҳем шунед:
- Майдум, кой тамом!
Овозаш садои Ҳазрати Сулаймон ворест: ба сангу кулухи замин ҷон мебахшад! - Майдум! Халқо-о-о-он! Кой тамом!
Аз мағзи пахтазор ҳайкалҳои одамӣ бо панҷахои пури пахта рост мешаванд, хамёза мекашанд ва ҷониби ғурубгоҳи офтоб рў мегардонанд: офтоб рафтааст. Офтобро, ки дар ғурубгоҳи худ надиданд, шод мешаванд! Аз он ки ў бар сари онҳо фуруд омаду рафт! Ё аз ин ки рўз ба пойин расид ва шом аст, он шоми матлуб, ки рўзи дароз аз он меандешанд.
Ҳама ба сўйи тарозу мешитобанд…
Навбат мегиранд.
Сайкор нидо мекунад: - Кўдакдоё бенавбат!
Заноне, ки кўдакони ширмак доранд, пеши тарозу чамъ мешаванд.
Сайкор нидо мекунад: - Субаё (заноне, ки кўдаки ширмак надоранд, духтарон) бенавбат!
Ҳама ҷиддан ба сангҳову рақамҳои тарозу ва дафтари Сайкор нигоҳ мекунанд; дар забону гўшу чашми ҳама ҳарфу рақам. Ин ҷо як ним соат бозор мешавад. - Адҳами девчашм! Сиву нуҳ кило!
- Бой Салим! Чилу … чилу… ним… Хай … Чил кило!
- Ҷалили овдаҳан! Нуздаҳ кило! Бимир, аз ин ҳол!
- Ҳатфӣ! Чилу як кило…
- Ҳасан – труба! Сиву чор кило!
- Бачаи Ҳурмат! Бисту панҷ кило. Ҳе, марг ба андомат!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё