Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Раҷабгули Барно! Шасту як кило! Раҳмат бар падарат!
- Бобои Наҷво! Ҳашт кило! Аз ҷавонмардҳо беҳтар!
- Маълими Сайид! Сиву шаш кило.
- Усто Хурсанди фалокат! Бисту нуҳ!...
Мо, писарҳо, дуртар аз мардум, дар рўи халтаҳои ними худ нишаста будем ва нигаронӣ доштем, ки чи ҷанҷолу бигў- магўе бо мо хоҳад шуд. Пахтаамон хеле камтар аз халтаи дигарон буд!
Беқарориву изтироб ва ташвиш фаро гирифта будмон.
Ба ёрони худ, ки навбатшон наздик расида буд, ба нигаронӣ нигоҳ мекардем. - Шўхӣ бисёр шуд, пахта кам мешавад! – гуфт Сайкор.
Ў ба дигаре гуфт: - Ҳа, мулло Хиёл, мо барои пахтаи ту санг надорем, шаҳр бибар, дар тарозуи «Афтика» бикашаш!
Яки дигарро ҳамчунин сарзаниш мекард: - Ҳо, ту дар кунҷи халтаат тилло дорӣ! Ҳатмӣ тилло чидайӣ! Лабораторияи мактабтон бибар! Тиллои холис бошад, зард ё сурх, як мисқолӣ ба мо ҳам биёр, миннатдор мешавем! Нишон бидеҳмон-ку, зард аст ё сурх?!
- Сафед аст, Сайкор! – ҷавоб дод бачаи Ҳурмат.- Тиллои сафед аст!
Сайкор асабӣ шуд: - Ҳе, марг ба андомат!
Сайкор бо қаҳр халтаро гирифта, ба замин партофт ва боз як лагади дигар фуроварда будаш, ки пахтааш аз даруни халта пош хўрда, ба замин рехт. Меҳвари тарозу шаққӣ ба оҳани боло зад. - Агар ҳамин қадду басту зўру бозу дар ман ё дар зани акаи Девлох мешуд, сад – саду панҷоҳ килоӣ мечидем!
Моҳпарча хандид. Хостанд тарафи ў бишаванд, овози хастайи зани Девлох бадар омад: - Номи зани Девлоха ба даҳан нагир! Чӣ мегирӣ?!
Моҳпарча боз хандид. Ин бор баландтар аз пешина.
Сайкор тааҷҷубзада шуд. Гуфт: - Буза бозӣ, хара ханда!
Моҳпарча аз ханда бозмонд. Бо кинаву хушунат ба Сайкор нигоҳ кард. Пас хашмогину пурқаҳр гуфт: - Кадомамон бузу кадомамон харем, Сайкор?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё