Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама қаҳқаҳа заданд, вале авзои беҷойи Сайкорро ки диданд, хамўш шуданд. Дасташ дар тири тарозу часпида буд. Чашмонаш танг ва нигоҳаш ба рўи Моҳпарча хира шуд. Ин талотуми ду нигоҳ эҳтимоли шуму ногуворе дошт. Ташвишу изтироб дили мардумро гирифт. Баъзе мардон ба миён медаромаданд. Ин шом бехосият омад!
Нинӣ, хеши Моҳпарча, майли гап кард. Лабонаш мисли лабони тифлакони навзод, ки бо чашми баста пистони модар меҷўянд, ғунча шуд. Овози пасте аз ў баромад:

  • Моҳпарча!...
    Моҳпарча даҳони ўро баст:
  • Тағойӣ! Гапат ба гўшам нарасид, нашунидам!- ва асабиёна сўйи Сайкор гашт. - Мардуми хондагӣ пештарҳо моро буз мегуфтанд, ту хариро ба гардани мо задӣ! Мо розӣ!...
    Ў акнун аз номи занҳо гап мезад:
  • Вале ҳатиёт кун, бузиро ба худ нагир! Буз моли майда аст! Боз дар таҳи саргини хар гум нашавад!!!
    Сайкор аз пушти тарозу гузашт пеши мардум.
    Ман пушти гарданашро медидам. Намакзадаву шўр метобид, мисли уғураки намак биҷиру рахдору сахт шуда буд.
    Рахҳои чуқур аз гиребонаш мебаромаданд ва то таҳи кулоҳи хасинаш медаромаданд. Арақ аз онҳо метаровид:
  • Шармандат мекунам, занак, эй занак!
  • Хунма дар рўт рўшан накунам, одам набошам! – гуфт Моҳпарча.
  • Моҳпарча, харҳо ду ҷинсанд!
  • Ҳар ду ҷинсаш ба ту насиб кунад!
  • Моҳпарча, даҳанта надаррон, ки…
  • Як ваҷаби дига пеш биёйӣ, ришу бурутута алов мезанам!!!
    Ман аз ин ҷанҷол ҳарос мекардам. Ҳолӣ, Моҳпарча ғофил аз мо ном мебарад ва ин ҷанҷол ба сари мо самт мегирад! Аслан, ин ҷанҷол аз халтаи холӣ сар зад! Чашмонам ба чашмони ҳаросноки Садаф бархўрданд. Ў низ аз оқибати ин ҷанҷол тарс дорад!
    Не, Сайкор ним ваҷаб ҳам ба сўйи Моҳпарча нарафта буд, ки садойи «лихкавой»- и раис омад. Раис сигнал заду фуромад ва бо ҳайбат пурсид:
пешина
аз 186
навбатӣ