Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Одамро аз фалокату бадбахтӣ роҳи гурез нест. Мардум наход набинанд, ки одамӣ дар ҳамин умри кўтоҳи худ панҷ- шаш бор ба фалокат гирифтор мешавад? Падарашон мемирад – фалокат аст, модараш мемирад – фалокат аст, ҳа... охир, худаш мемирад
– фалокат аст, фалокати азимест...
Не, дили ў тамоман дигар аст, ба дили мардумон ҳеҷ монандӣ надорад, дараки фалокат нест, вале бўйи тунду тези он ба машомаш расида, димоғашро месўзонад. Ў худро нохуш медорад, табъаш мегирад, хеле вақт дар назари мардум рўтурш, сархам, андешаманду ҳузнолуд мегардад. Ханда дар лабаш намемонад, ранг аз рўяш мепарад, манаҳи нўгтезаш аз гиребони куртаи симобияш поёнтар мефурояд.
Мутеу гарданхам аст ў пеши бадбахтӣ, вале ботинан, ў барои аз фалокат дур будан мекўшад. Ҳамаи он рафтореро, ки дар одамон пеш аз фалокат ғайриихтиёр рў мезанад, номаълумакак омўхта, онҳоро аломатҳойи марг шумурда, дар рўзгор аз такрорашон худдорӣ мекунад.
Хол дар роҳи лаби наҳр тракторро чаппа кард ва худ дар таги он монд. Рўзи мотам занаш навҳа мекашиду мегуфт:
«Ту аз маргат бохабар будаиву моро нагуфтӣ. Саҳарӣ кўдаконатро маҳкам оғўш кардиву бўсидӣ, мани худозада нафаҳмидам, ки ту бо онҳо видоъ мекунӣ. Нафаҳмидам, вагарна мемондам, ки ту аз хона мебаромадӣ?!»
Усто Хурсанд аз ҳамон рўз дигар кўдаконро намебўсид, онҳоро пеш аз кор рафтанаш дўстдориву меҳрубонӣ намекард. Кўдакони хурдсол, ки бас содаву софдиланд, аз куҷо донанд, ки дами саҳар, баъзан аз хоб хеста, ба пушти падари мўзапўшашон часпида, аз рўйи хоболуди ў бўса гирифтани онҳо дили падарро ба изтироб меорад ва ў, ҳамон рўз ба райком ҷеғ зада бошандаш ҳам, аз талвосаи ҷон берун намебарояд. Аз куҷо медонанд, ки ин кори онҳо баройи падар фолест, ки аз қаробати фалокат огоҳӣ медиҳад...
Боре (ин чанд сол пеш буд) Сафои Рашиди хирмангӣ ба қанорҳойи пурпахтаи болойи мошин баромад ва хост то ба хонааш, ки дар сари роҳи мошин буд, савора равад. Вақти суръат гирифтани мошин чӣ шуду аз болойи қанорҳо рост ба дами панҷшоха афтид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё