Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Бечора ҷо ба ҷо мурд. Мегўянд, ки ҳамон бегоҳӣ беҳад хандаву шўхӣ мекард, ба гапҳойи ҷиддӣ ҳам механдидааст. Механдидаасту механдидааст, ба дараҷае, ки аз чашмонаш об баромадааст... Пеш аз он ки ба болойи қанорҳо барояд, ҷўраҳояш ўро боздоштанӣ шудаанд ва ҳатто «Номаъқулӣ накун, афтида намурӣ! Айни пахтачинӣ, ба ҷойи ту кӣ дар хирман кор мекунад?» - гўён нимшўхиву нимҷиддӣ ўро аз хавфи мошинсаворӣ бохабар кардаанд. Вале ў онҳоро андаке хандондаасту пас ба мошин часпидааст. Дар болои қаноре баҳузур нишаста, пойҳои овезонашро алвонҷ дода, дар ҷавоби таҳлукаи онҳо мақоле низ гуфтааст: «Дар даҳони гург бошу пойҳоят овезон »...
Аз ҳамон рўзи фавти Сафо дигар касе хандайи боваҷҳу самимии усторо нашунид. Агар сад одам аз ханда рўдакан шуда афтад ҳам, ў базўр нимтабассуме мекард.
Мақолу зарбулмасалҳоро, ки баъзан якто- дуто мепартофт, дигар ба забон намегирифт. Ва мабодо ба нўги забонаш тасодуфӣ мақоле пайдо шуда монад, гўё ба таги забонаш динамит гузошта бошанд, то бегоҳи ҳамон рўз дигар онро намеҷунбонд...
Чашму гўши ў ба ҳама чизи дунё баста буд. Тамоми ҳастии ў, панҷ узви ҳиссаш интизори нохушиҳо буданд. Ва ў ончуноне шуд, ки, дар ҳақиқат, пешомади нохушеро як рўз ё ним рўз пеш пай мебурд. Ҳамон рўзи фавташ “наберачаамро чилаш набаромада ба хона меорам,”- гуфту азми сафари шаҳр кард. Баҳонайи бисёре пеш оварду саъй кард, Наим рухсати рафтанаш надод. «Одамон ҷавоб пурсиданро ёд мегиранд,- гуфт ў ва ҳолати руҳии усторо дида, даст афшонду гуфт.- Майлаш имрўз то бегоҳ биисту пагоҳ ба кор набаро.» Усто Хурсанд хеле маҳзун гашт. Имрўз аз саҳар нафаси шуми ҳодисайи нохуш ба ў мерасид. Ҳоло, бегоҳонӣ, вақти ғуруби офтоб, шамолаш дар гўши ў ҳуштак мекашид, дилаш қирав мебаст, сард мешуд.
Рўзи дигар, субҳ нодамида, роҳи шаҳрро пеш гирифту дигар надидандаш. Хонаводааш дар орзуи дидори меҳмон кай усто меҳмони навро меораду хонаашон андаке руҳ мегирад, ўро интизорӣ кашиданд, вале...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё