Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўзона овозат намебароядку?

  • Рўзона касе аз ман чизе намепурсад. Ту гап задӣ, ман ҳам гап задам.
  • Ин қадар назарбаланд.
    Хиёлро акнун ба хотираш омад, ки бо духтарон дигар хел муомила мекунанд. Ва ў бодиққат ба Моҳлиқоб нигоҳ кард. Дар зери ҷомаи ғафс ҳақиқатан бадани духтаре пинҳон буд. Ва ин духтар рў ба рўйи ў менишаст, ба ў нигоҳ мекард, бо ў гап мезад. Як ҳиссиёте ўро фаро гирифт, дилаш гўё об мешуду ба дарё мерафт, гўё пеши печкаи тафсон нишаста бошад, рўю дастонаш алав мегирифтанд.
  • Не, ту дар гап усто. Бо як кас гап мезанӣ.
  • Бо ту?
  • Не, бо Сабо!
  • Ҳм... Ҳа-а. Мо ҳамсинфем. Баъд ҳамсояем. Гап задан мумкин нест?
  • Об- бо! Ҳамту гуфтам-да.
  • Ман ҳам медонам, ки ҳамту мегўӣ, духтари нағзӣ.
  • Наход. Тавба. Акнун шунидам.
  • Шумо шиштан гиред. Мо рафтем! - гуфт Ҳасани Труба. Ў аз гуфтугўйи дарози онҳо норозӣ буд.
    Моҳлиқоб аз ҷой бархост, реги ҷомаашро афшонд. Хиёл низ. Онҳо ба гурўҳ наздик омаданд.
  • Шумо аз роҳ гузашта, лаб- лаби ҷўй меравед? – гуфт Партов ба Хиёлу Моҳлиқоб.
  • Шумо чӣ?
  • Чӣ, вақти маслиҳат ҳушатон дар куҷо буд?
  • Ҳуши мо лозим мешуд, як даҳон мегуфтед, гўш мекардем.
  • Ҳасан! Чанд бор гуфтам, ки Моҳлиқоба нагир. Ина чиву бачаҳо катӣ гаштан чӣ. Як гапа нафаҳмад.
  • Ин шаби охирин, дигар пахтачинира дар шаб хоб мебинад!- гуфт Ҳасани Труба.
  • Ман мегўям, лаб-лаби ҷўй биёянд, инаш духтар, ваяш бори якум, - мегуфт. Партов, - «Шумо чӣ», «шумо чӣ?»
    мегўяд. Мо як кас – як кас тақсим мешавем. Даруни боғ катӣ меравем. Робинзон аз пешамон барояд, мегурезем. Ту гурехта наметавонӣ.
пешина
аз 186
навбатӣ