Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин бошад, роҳи гуреза ҳам намедонаду ҷойи мерафтаашро ҳам. Акнун фаҳмидӣ?

  • Хайр, ана, фаҳмидем.
  • «Вот и всё!» - гуфт Партов ва ба канори боғи Робинзон расида, тақсим шуданд.
    Моҳлиқоб нигоҳи шухшанге ба Хиёл афканд. Хиёл волаи шаби пурасрори тирамоҳ, мафтуни паҳнои осмон, аз ин нигоҳ бенасиб монд. Бахташ баландӣ кард.
  • Рафтем, чӣ даҳон во кардӣ?
  • Ҳа? Ҳо-о... рафтем.
    Ин танҳоӣ ўро ҳам хуш медошт ва ҳам меҳаросонд.
    Дилаш дар интизории ҳодисае гум мезад. Вале Хиёл ба дил ҳам бовар мекард, ҳам не. Ба ў душвор буд. Ҳам шаби хилват, сояи ғафси шоҳтутҳо ва Моҳлиқоб – зане, духтаре. Ва, хайрият, ин шамолаки салқине ё аз боғ, ё аз наҳр ба мадади ў омад. Тумани мадҳуширо аз чашмону аз сари ў меронд. Ва боз насими сабуксайри барги шоҳтутро ба ханда оварда, оҳиста ўрову танаи ғафси шоҳтутро ба оғўш гирифт. Вай бўйи себ дошт, бўйи муаттари себи шохсорон не, бўйи себро аз анбори меваҳо меовард ва басо масту мадҳушкунанда буд. Миёни наҳру боғ, гоҳ- гоҳ аз насими боғ масту гоҳ аз шамолаки наҳр ҳушёр, ў ба танаи тут такя зада буд. Моҳлиқоб, дуртар аз ў, интизор меистод ва, аз чӣ бошад, ки ўро кўдаке мепиндошт ва агар ўро оғўш бикунӣ ҳам... Моҳлиқоб духтари расида буд.
    Лаҳзае ин ҷо сабр кунад, осуда мешавад, албатта, осуда мешавад. Ин як ҳиссиёти лаҳзагист, тамоман ҳиссиёти одамӣ нест. Ў худро оҳиста ба даст мегирифт. Ин шабона буд ва ў бо духтаре танҳо буд, дигар ҳаргиз ин такрор нахоҳад ёфт... Такрор намеёбад, фақат духтар ин ҳолати ўро пай набарад, бигзор, ба қафо нанигарад, дуртар, дуртар, ана, ҳамин тавр, Хиёл, заифу сустирода будаӣ.
    Моҳлиқоб овози ўро нашунид; садои пояш ҳам қатъ ёфт. Моҳлиқоб инро пай бурд ва қафо нигоҳ карда:
  • Хиёл, ба ту чӣ шуд?- гуфту давида назди Хиёл омад.
    «Ҳамин намерасид, ки давида биёӣ,»- гуфт дар дил Хиёл ва чашмашро пўшид.
пешина
аз 186
навбатӣ