Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданПартов паст- паст ба онҳо дўғ зад:
- “Бобои Робинзон, мо омадем!”- гўед, намешавад?!
Онҳо ба лаби роҳ наздик мешуданд ва ҳар кадом аз худ розӣ набуд. Себҳои тирамоҳӣ ҳоло сахту хушк буданд. Партов ба халтаҳои холии ҳамроҳашон нигариста: - Вот и всё! – гуфт. - Боғи Робинзона ҳам сайр кардем.
Бало нест. - Пас бўйи себ аз куҷост? – гуфт Хиёл ва аз гуфтааш пушаймон шуд. Овозаш меларзид.
«Буз барин ҷон надорам,» – дар дил худро таъна зад Хиёл. - Ҳо, бўйи себа мефаҳмад! Чӣ меларзӣ, хунук хўрдӣ?
Хиёл надонист чӣ гўяд. - Гармтар пўшидан даркор буд. Маҳ, фуфайкаи мара бигир. Вазнинтару лекин гарм.
Хиёл “не” нагуфт, ҳаминаш барои ў хуб шуд. Хайр, ягон ним соат пас “Гарм шудам. Раҳмат, тамом вассалом,”- гуфта бармегардонад. - Ҳа, ҷўраҳо, бўйи себа гирифта, дарунтар равем, мегўед? – гуфт Партов. – Ба гумонам, боғхона медароем.
Эҳ, чёрт, Робинзон бедор набошад- да!
Ин қадар азобу изтироби Партовро дида, Хиёл хост андаке ҳоли ўро сабук намояд. Охир, дар хонаи онҳо себ пўсида хоб аст. Як сабад ҳам лозим шавад, оварда метавонист. - Агар мегуфтед, ман ҳамроҳам себ мегирифтам. Халта...
- Фақат падари ту боғ дорад? Мо себа надидем? Риск, додар, риск! Шунида бошӣ, «Вот и всё!».
Онҳо боз ба даруни боғ рафтанд. Имом, Маннон, Партов, Ҳасани Труба, Ҷалили обдаҳан...
Бигзор раванд! Нағз шуд, ки онҳоро боз танҳо монданд.
Ба ҷуз шаби афсунгар, ба ҷуз шамолаки серуни наҳр, ба ҷуз насими себолуди боғ, ба ҷуз шибир-шибири абрешимии баргҳои тар боз духтарест бо ў, ки ҳарчанд боре палангро надидааст, ба назари Хиёл ў дар ҷомаи беқасаб чун паланги мода менамояд, ки сари ду по истодааст ва бо ин ҳама савлату ҳашаматаш ҳам меҳаросонад, ҳам ба ҷониби худ мехонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё