Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданДар ин синну сол ва дар чунин шабе ихтиёр аз ў берун аст ва ҷониби Моҳлиқоб мешитобад.
Овози Робинзон, ки бо исрор мегуфт, онҳоро ба худ овард:
- Бачаҳо, нагурезед! Биёед, чой мемонем. О ман Худо гуфтам, ки касеро назди ман бирасонад. Аз зиқӣ кафидам.
Куҷо меравед? Партов шинохтамат, куҷо мегурезед? Ҳасан!
Хиёл хандид. Робинзон одами аҷоиб аст. Аз дуздон ҳам хурсанд мешавад, ки омаданд. Ҳолӣ зиёфат ҳам надиҳад хуб.
Дере нагузашту овози Ҳасан боз ба гўши онҳо расид.
Ин дафъа ў безобита набуд, вале андаке овозаш оҳанги гунаҳгорӣ дошт, овози кўдаке барин, ки вақти қаймоқи рўйи ширро ангушт зада лесиданаш ба дасти модар афтода бошад. - Чӣ мегўӣ? – гуфт Моҳлиқоб.
- Ин тараф биёед!
- Мо ҳам даркор шудем- а? – ба торҳои асаби ў нохун заданӣ шуд Моҳлиқоб.
- Крушкаву стаканҳо дар халтаи ту- ку. Ин ҷо Робинзон ҳамагӣ ду пиёла дорад.
- Эҳ- а, зиёфат мехўрем– гўй?
- Дамта бигир, ки шаллоқ мехўрӣ. Биёед.
- О, нисфи шаб-ку, - давом медод Моҳлиқоб ва ҷониби Ҳасани Труба мерафт. Дид, ки Хиёл истодааст, ўро ҳам ба зери борони сухан гирифт. – Ҳа, ту чӣ? Ё шарм медорӣ? Ту дуздӣ нарафтӣ-ку. Ман мегўям, ки мо дар роҳ будем. Лаб- лаби ҷўй мерафтем...
Хиёл ҳеҷ хоҳони он набуд, ки Робинзон ўро бо инҳо бубинад.Мўйсафед тамоман хафа мешудагист. Ва боз падарашро дучор ояду бигўяд. Онҳо ҷўраҳои наздиканд.
Моҳлиқоб ҳоло ҳам истода гап мезад; Ҳасан бошад, пўписа дошт, ки тезтар биҷунбанд, одамон он ҷо интизоранд.
Хиёл чораи дигаре наёфт, магар ин ки ҳамроҳи онҳо биравад.
Робинзон мўйсафеди аҷиб аст. Вай бехабар аз номи наваш ва аз номгузороне, ки ҳозир дар назди ў, гирди дастархонаш, менишастанд, ҳар он чи дошт, пеши онҳо гузошт; меҳмонони нохонда, вале азизу қадрдони худро обу иззат мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё