Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ин Насриддин Афандӣ пештар дар деҳа, дар назди магазин, хона дошт, дар бригадаи Наим самоворчӣ буд.
Вақте ки дар бригада ҷанҷол бисёр шуду ҳазл мурд, ҳақгўиҳои ў ба Наим маъқул наомаданд. Назди раис рафту иҷозат пурсид ва дар боғ хона карду боғбон шуд. Боғ аз деҳа басо дур аст ва боғбон ягона касест, ки дар ин боғ мегардад, ҳама чизи рўзгорашро бо дасти худ месозад – косаву табақ, чумчаву хонаву ҷову дару деворашро, ҳамчунин, нонро ҳам худаш мепазад, куртаҳои ким- кайҳо харидаашро ба ҳам омехта, дўхта, поргӣ дўзонда мепўшад. Бачаҳо ўро акнун Робинзон мегўянд. Аҷаб одами хубест, ҳам хўронду ҳам чанд донагӣ себи хушбўйи калонро ба кисаи пиҷаки онҳо андохт.
Ҳама сархаму хиҷил аз боғхона бадар омаданд.
- Нағз нашуд. Дид,– таассуф мехўрд Партов. – Агар моро пеш мекард, беҳтар буд. Мегурехтем. Шаби дигар боз ҳуҷум мекардем. Акнун медонем, ки аз омадани мо хурсанд мешаваду хафа не. Чӣ лозим? Неинтересно!
Миёни замин пахта чида, дар масофаи чашмрас аз ҳам дур рафтанд. Хиёл ба сарбанди сарҷўи замин омад; дасту пояш хунук хўрда буданд, дигар пахта чида натавонист.
Мехост гулхан гиронад. Хасу хошок ғун кард, ҷойи холӣ аз ниҳол ёфт, вале гўгирд надошт. Акнун худро маломат кард, ки то ҳол папироскаширо ёд нагирифтааст. «Йигите, ки аз даҳонаш дуду оташ набарояд, чӣ гуна йигит аст?» – ба хотираш омад яке аз пандҳои Партов барои мактабхонҳои синфҳои боло. “Сигарет аз нос беҳтар,” – фикр мекард Хиёл. Баданашро майдаларза фаро гирифта буд ва дандонҳояш ба ҳам бармехўрданд. Бо вуҷуди ин забонаш ба пурсидани гўгирд нагашт. Фуфайкаро аз тан кашиду болои хастўда лунда шуда афтид. Худро бо фуфайка пўшонид. Манаҳашро ба сандуқи синааш часпонда, сарашро ҳам таги фуфайка гирифт. Фуфайка вазнин буду чиркхўрда, ҳавои хунукро намегузаронд. Нафаси ў дар таги фуфайка ҷамъ шуда, оҳиста- оҳиста дасту баданашро гарм кард, хобаш бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё