Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳоҷӣ Моҳим-бегим, чунонки аз мазмуни дебочаи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» бармеояд, маҷлисҳои гарме гирд оварда ва аҳли маҷлисро барои таълифи осори тоза ангеза медодааст. Фахрии Ҳиравӣ баъди яке аз маҷлисҳо ба хона баргашта, «Тўҳфатул-ҳабиб»-ро мехонад ва аз ғазали назираи Меҳрӣ муассир шуда, ба ҷамъ овардани «Ҷавоҳири аҷоиб» мепардозад.
Дар «Дебоча» ба номи «Ҳоҷибегим», ки ўро муаллиф «Билқиси замон, рафеи макон ва ҳумои даврон ва дилшоди замон ва Қайдофаи олишон» меномад, қасидае низ сабт шуда, ки аз хушсухании ў дарак медиҳад:
Ҳам мақомаш рўҳпарвар чун биҳишти ҷовидон, Ҳам каломаш файзгустар чун дами рўҳуламин.
Дар бораи Ҳоҷибегим, ки ўро Моҳбегим ё Моҳимбегим низ гуфтаанд, ахбори сарчашмаҳо ихтилоф дорад, чунончи, Аҳмад Гулчини Маонӣ гуфтааст: «Фахрии Ҳиравӣ ин тазкираро… ба Ҷайҷӣ - бегим, маъруф ба Моҳим - энага, модари ризоии Акбаршоҳ ва волидаи Адҳамхони Кўка тақдим доштааст…, дар поёни китоб низ қасидае дар васфи Моҳимбегим дорад ва баъдан ҳамин тазкираро дар авохири аҳди Исо Тархун волии Синд (961-974 ҳ.) бо тағйири дебоча ба номи вай маънун сохта ва ба ў тақдим доштааст» ва дар поварақ меафзояд: «Аз тадвини сонии «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» нусхае дар китобхонаи хусусии донишманди муҳаққиқи покистонӣ оқои Пири Ҳисомиддини Рошидӣ дар Қарочӣ мавҷуд аст.
Дар мақолаи донишманди тоҷик Қамчини Чилла, ки ба сифати пешгуфтори «Ҳафт кишвар» (Душанбе: Ирфон, 1992) омадааст, роҷеъ ба таърихи таълифи асар низ ҳамин матлаб таъкид шудааст:
«Султонмуҳаммади Фахрӣ «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и тозабунёди хешро баргирифт ва ба ҳамон соли 1556 роҳи Ҳинд пеш гирифт. Чун ў вориди Акбаробод шуд, дебочаи асари хешро каме дигаргун сохт ва ба номи Моҳим-Энага мувашшаҳ сохт, ки дояи Акбаршоҳ буд ва бо қасидае дар ситоиши подшоҳ пешкаши доя кард».
Аммо Сайид Ҳисомиддини Рошидӣ силсилаи Ҳоҷӣ - бегимро дар таълиқоти китоби худ оварда, ки бо гуфтаи Аҳмад Гулчини Маонӣ мувофиқат надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё