Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

хондаанд ва шоирони зиёди муосир ва пасояндагон аз сабақи ў баҳравар шудаанд.
Чунончи, Унсурӣ гуфта:
Ғазал Рўдакивор некў бувад,
Ғазалҳои ман Рўдакивор нест.
Ё худ Рашидии Самарқандӣ фармуда:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоирӣ, Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Сабки Рўдакӣ аз мушаххасоти зерин бархурдор аст:
- Рўдакӣ аз аввалин шоиронест, ки дар аксари мавзўъ ва қолабҳои шеърии рўзгори хеш, аз ҷумла, мадҳия, марсия, шикоят, ғазал, қитъа, рубоӣ зўҳду ваъз, қувваи табъ санҷидааст.
- Каломи Рўдакӣ содаву самимӣ аст, ба шарофати мусиқидонии ў бар хилофи шеъри ин давра аз ноҳамвориҳо ва сактаҳои вазнӣ дур аст.
- Ба қавли муҳаққиқон, масалан, Маҳмуди Фарзод (дар мақолаи «Арўзи Рўдакӣ») шоир дар 35 вазн шеър гуфтааст, ки
12 вазн ибтикори ўст. - Бо вуҷуди ҷой доштани марсияҳо (масалан, дар марги Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ) ва қасидаи шиквоияи «Шикоят аз пирӣ»
дар маҷмўъ ашъори Рўдакӣ рўҳияи умумии шодигароёна дорад:
З-омада шодмон бояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Ҳар он ки Эзидаш ин чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад.
Бо он ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст,
Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст.
5. Таваҷҷўҳ ба панду андарз:
Замона панде озодвор дод маро,
Замона чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст.
Ба рўзи неки касон, гуфт, то ту ғам нахурӣ.
Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст.
Дар ашъори Рўдакӣ ирсоли масал хеле зиёд аст: «Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст», «Некбахт он касе ки доду бихўрд, шўрбахт он ки ў нахўрду надод», «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ…», «Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ, чун яке хашм оварад, кайфар барӣ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё