Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Васфи шаробу май:
Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.
Боду абр аст ин ҷаҳон афсўс,
Бода пеш ор, ҳарчи бодо бод!
Қасидаи «Модари май» низ аз аввалин қасоиди хамрия дар адабиёти форсӣ аст, ки дар мавзўи тайёр кардани шароб гуфта шудааст.
7. Забони Рўдакӣ салису равон аст, фақат ҷо-ҷо нишонаҳои кўҳнагии сухан, ҷо-ҷо луғоти арабӣ дар он ба мушоҳида мерасад.
Робиаи Балхӣ аввалин шоираи форсизабон аст, ки ашъораш то рўзгори мо расидааст.
- Аз ашъори Робиа, ки чун шоираи зуллисонайн маъруф аст, 5 мисраъ ба забони арабӣ ва 106 мисраъ ба забони форсӣ ба даст омадааст. Дар шеъри ў калимоти нодире чун тавсан, фусусо, ҳиял, шахударух, шахида, зам ба кор рафтаанд. Инчунин калимаву ибороти ҳаме, андар овардам, андар осӣ ҳаме наёрам шуд, андар тоғӣ ҳамешавам, андар пинҳон кунанд, кош-к, кунод, мар-маро нишони қидмат ва кўҳнагӣ мебошанд.
- Мавзўи асосии ашъори Робиа ишқ ва васфи табиат аст.
- Майли шоира ба ашъори андарзӣ низ зиёд аст:
Қадаҳ гир чандеву дунё магир,
Ки бадбахт шуд он ки дунё гирифт.
Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,
К-аз кашидан тангтар гардад каманд.
4. Истифодаи вофири санъати талмеҳ: Аржанги Монӣ,
чашми Маҷнун, рухсори Лайло, нақши Озар, сеҳри Монӣ,
чашми Одам, лутфи Исо, тоҷи Кисро, малахи заррин, Ҳайдари каррор…
5. Басомади зиёди маҷозу истиора: арўси боғ, доғи ҳаҷр,
хуни дида, жолаи сиришк, моҳи хубон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё