Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агар ин қавл саҳеҳ намебуд, магар метавонистем бовар кунем, ки зане дар қарни ХІІ бо камоли ҷасорату шуҷоат истеъдоди шоирию мусиқишиносӣ, ҳофизию дабириро аз худ ба зуҳур оварда, ҷаҳони порсигўёнро бо ҳунари волои худ фатҳ намояд ва ниҳоят, ба дарбори Султон Санҷар, ки аз салотини соҳибзавқ ва дерписанд дар таърихи давраи Салҷуқиён пазируфта шудааст, ба ҳайси ҳакимаву дабира ва муқарраб роҳ ёбад. Хоса ки дар он рўзгор пеши дабирон вазоиф ва аҳдофе гузошта мешуд, ки зуфунунӣ ва фитрати ҷибиллӣ тақозо дошт.
Ба ин далел фикр мекунем, ки Маҳастӣ бо тамоми шўридасариву зарофатгўӣ, ҳозир ҷавобиву тундзабонӣ бояд ҳамчун як зани озодманиш ва покизасират дар маснади ҳукамои соҳиб эҳтиром ҷо бигирад ва ба рўи кулли ривоёти таҳқиромез хати батлон кашида шавад. Ҳамчунин бо вуҷуди адами бурҳони қотее, ки соли таваллуду вафот ва зодгоҳи ўро зикр карда бошад, кашокашҳое миёни муддаиён роҷеъ ба ватани ў бояд хотима ёбанд, зеро хидмати Маҳастӣ ба адабиёти мо беш аз тамоми нукоти дигар муҳимтар аст. Мақому манзалат, хидмат ва ибтикори Маҳастӣ дар адаби форсӣ дар заминаҳои зерин қобили эътироф ва арҷгузорист:
- Нахуст, ў аз пешоҳангони занони суханвари форсизабон буд. Аз миёни шуарое, ки қабл аз Маҳастӣ зистаанд, дар шеъри форсӣ асомии Робиаи Балхӣ аз асри Х ва Оишаи Самарқандӣ аз асри ХІ то ба мо расидаанд. Вале аз ҳарду ҳам миқдори хеле ками абёт боқӣ мондааст, бинобар ин, муайян кардани хасоиси ашъори онҳо имконпазир нест. Аввалин зане, ки беш аз ҳазор мисраи манзумаш дар кутуби қадимӣ – тазкираву баёзу ҷунгҳо, таърих номаҳову осори илмии адабӣ сабт аст, Маҳастӣ мебошад. Агар тавзеҳи сабки шоирии Робиаву Оиша ба илали камии мероси адабии эшон имкон надошта бошад, рубоиёти Маҳастӣ, хушбахтона, барои хулосаҳо заминаи мувофиқ фароҳам меоранд. Дар ин ҷода душвории кор танҳо дар рубоиёти саргардон аст, ки ба номи Маҳастӣ дарҷ шудаанд.
Дар сурати ҷудо кардани рубоиёти асил аз рубоиёти махлут миқдори ашъори боқимондаи шоираро метавон муайян кард ва вежигиҳои тозаи сабки фардии ўро равшан намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо