Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Сониян, Маҳастӣ дар замоне зиндагӣ карда буд, ки шеъри форсӣ, бахусус, рубоӣ давраи боландагии худро аз сар мегузаронид. Дар рубоисароӣ бузургмардони зиёде чун Умари Хайёму Масъуди Саъди Салмон, Амир Муиззиву Саноӣ, Рашиди Ватвоту Асириддини Ахсикатӣ, Хоқонӣ ва даҳҳо нафари дигар гўи сабқат аз дигарон бурда буданд ва панҷа задан бо эшон барои як нафар зан кори саҳлу содда набуд. Аммо Маҳастӣ тавонист таваҷҷўҳи ҳамагонро сўи ашъори худ кашад ва бовар кунонад, ки дар адабиёт на ба хотири зан буданаш, балки ба хотири ҳунари волояш эътироф шудааст. Барои намуна чанд рубоӣ зикр мешавад:
    Шоҳо, фалакат аспи саодат зин кард В-аз ҷумлаи хусравон туро таҳсин кард.
    То дар ҳаракат саманди зарриннаълат, Бар гил наниҳад пой, замин симин кард.

Шабҳо, ки ба ноз бо ту хуфтам, ҳама рафт, Дурҳо, ки ба нўги мижа суфтам, ҳама рафт.
Ороми дилу мўниси ҷонам будӣ, Рафтию ҳар он чи бо ту гуфтам, ҳама рафт.


Ман Меҳситиям, аз ҳама хубон шуда тоқ, Машҳур ба ҳусн дар Хуросону Ироқ.
Эй пури Хатиби Ганҷа, аз баҳри Худо, Магзор чунин бисўзам аз дарди фироқ.
3. Солисан, Маҳастӣ аввалин шоирае буд, ки дар қолаби рубоӣ силсилаи бузурги шаҳрошўб офаридааст. Шаҳрошўб дар шеъри форсӣ то Маҳастӣ ҳам вуҷуд дошт, аммо шуарое, ки дар ин ҷода ҳунар озмудаанд, дар қолабҳои ғайрирубоӣ шеър гуфтаанд. Чунончи, шаҳрошўби Масъуди Саъди Салмон, ки иборат аз 92 пораи шеърист, дар қолаби қитъа гуфта шудааст. Шаҳрошўби Маҳастӣ дар қолаби рубоӣ аз дасти тавонои ў шаҳодат медиҳад:
Пеши дари он кўдаки қассоб ҳавест, Ҳар лаҳза ба тозагӣ дар ў хуни навест.

пешина
аз 500
навбатӣ