Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Хуни чу мане куҷо бараш дорад қадр, Ҷое, ки ҳазор хуни ноҳақ ба ҷавест.
4. Ниҳоят, Маҳастӣ аз аввалин занони сухансарое буд, ки бунёди тасвирҳои занонаро поя гузошт. Дар замони зиндагии ў адами намунаҳои шеъри занон ва тарвиҷи тасвирҳову нигоҳи мардона ба зиндагӣ кори ин бонуи суханварро хеле сангин карда буд ва ў мебоист бо роҳе равад, ки дигарон ҳанўз по нагузошта буданд. Бо вуҷуди он ки дар бархе рубоиёташ шеваи маъмуливу мутадовили замон роҳ ёфт, Маҳастӣ муваффақ шуд, ки дар чанде аз тасвирҳояш нигоҳи занона ва тарзи баёни хоси бонувонро ҷо диҳад.
Бо далоили фавқ ба хулосае мерасем, ки Маҳастӣ аз поягузорони назми занони суханвари форсизабон буда, бо хидматҳои бесобиқааш дар адабиёти салаф, шоистаи арҷгузорӣ гаштааст.
Аз шоирони ҳамзамон ва ҳамшаҳри Ҳофиз Ҷаҳонмаликхотун аст, ки ашъори зиёде аз ў боқӣ мондааст. То асри ХІХ аз ягон шоири зан девоне ба ин миқдор шеър ҳифз нашудааст.
Нусхаи асили девони ў дар Порис маҳфуз аст. Дар девони ў чаҳор қасида, 1423 ғазал, як тарҷеъбанд ва якчанд марсия бар марги фарзандаш Султонбахт, инчунин қитъаоту рубоиёт ҷой дода шудаанд.
Дар ғазале мегўяд:
То дил ба ғами рухат ниҳодам,
Аз дида ду ҷўи хун кушодам.
Номам чу кунанд мурғи зирак,
Дар доми ғамат аз он фитодам.
Моро, ки бисўхт оташи ишқ,
Чун хок бидодаӣ ба бодам.
Ҷоно, чӣ кунам, ки модари даҳр
Бо меҳри рухат магар бизодам.
Ту бо дигаре нишаста хуррам,
Ман бо ғами рўи дўст шодам.
Чун нест маро зи васли ту ком,
Ночор ба ҳаҷр дил ниҳодам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо