Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Бе ёди ту нестам замоне,
Як лаҳза намекунӣ ту ёдам.
Эй дўст, ҷаҳону ҷон нахоҳам, Чун аз ду ҷаҳон туӣ муродам.
Ғазалҳои Ҷаҳонмаликхотун радифҳои зебо доранд ва аксар хушоҳанг ҳастанд. Чунончи, ғазали зерин, ки бо радифи «ҳаст, нест» сохта шудаст, хеле равон аст:
Эй, ки пиндорӣ, ки моро ҷуз ту ёре ҳаст, нест, Ё маро ғайр аз ғами ишқи ту коре ҳаст, нест.
Гар ту гўӣ бар дилам аз ту ҷафое нест, ҳаст, Дар балои ишқ чун ман бурдборе ҳаст, нест.
Бандагон бисёр дорӣ дар ҷаҳон беҳтар зи ман, Бандаи бечора боре дар шуморе ҳаст, нест.
Рубоии зерини шоираи қарни ХV Меҳрии Ҳиравӣ дар бозгўйи ҳолати қаҳрамони ғиноӣ – зани ҷавоне, ки аз ҳузури шавҳари пир дилтанг шудааст, мусоидат мекунад:
Шўи зани навҷавон агар пир бувад, Чун пир бувад, ҳамеша дилгир бувад.
Оре, масалест он, ки гўянд занон:
Дар паҳлўи зан тир беҳ аз пир бувад.
Он нукта, ки ба ҳунари шоираи садаи ХVII Ҳиндустон Зебуннисо арҷ мегузоранд, албатта далел дорад, вале исбот шудааст, ки девони Махфӣ моли Зебуннисо набуда, ашъори Махфӣ ном шоири мард аст. Аз Зебуннисо ҳамагӣ чанд ғазал боқӣ мондааст, ки дар байти мақтаи онҳо номи шоира зикр ёфтааст. Дар миёни ашъори дигар, ки бо тахаллуси Махфӣ аст, шояд ғазалиёти ин ду нафар ба ҳам махлут шуда бошанд, ки феълан то ба даст омадани сарчашмаи мўътамаде наметавон ашъори Зебуннисоро дақиқан ҷудо кард. Дар ҳар сурат, дар ҳунари шоирии Зебуннисо дар заминаи абёти асили ў наметавон шубҳа кард:
Дар сухан пинҳон шудам чун бўи гул дар барги гул, Майли дидан ҳар кӣ дорад, дар сухан бинад маро.
Зебуннисо дар ғазали дигаре мегўяд:
Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост, Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо