Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтари шоҳам, валекин рў ба фақр овардаам, Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.
Ҷои дигар мегўяд:
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн, Пир шуд Зебуннисо, ўро харидоре нашуд.
Дар асри ХІХ шоираи дигаре бо номи Нодирабегим умр ба сар бурдааст, ки девони ашъораш ба пуррагӣ то рўзгори мо расидааст ва воқеан ҳам аз ҳунари нотакрори гўяндааш дарак медиҳад. Нодира бо сабаби ҳамсари Амир Умархон будан ва ширкат дар кори сиёсиву давлатдорӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш ваҳшиёна ба қатл расонида мешавад. Ў бо ду забон – тоҷикиву ўзбекӣ шеър гуфтааст ва ашъори тоҷикиаш хеле латифу дилангез аст:
Ёди айёме, ки ҷоми эътиборе доштам, Чун гул аз файзи баҳорон обёре доштам.
Ҳамчу шом аз хун шафақрезам куҷо шуд, ин ки ман Чун саҳар хуршеди тобон дар каноре доштам.
Чанд рўзе бо худ аз имдоди чархи зарнигор, Дар нигористони раъноӣ нигоре доштам.
Такягоҳе доштам дар ишратободи мурод, Аз ҳусули коми мақсад комгоре доштам.
Дар паноҳӣ мегирифтам ҳар замон гўи ғурур, Дар бисоти мўҳрабозӣ шаҳсаворе доштам.
Буд дасташ чун нигин доим дар ангуштам гиреҳ, Дар кафи уммед бахти номдоре доштам.
Нодира, сад ҳасрату афсўс аз он фурсат, ки ман Дар бисоти ноз некў рўзгоре доштам.
Баъзе ашъори худро Нодира бо тахаллуси Макнуна низ навиштааст. Аз ашъори ин бонуи соҳибсухан маълум мешавад, ки ў бо шеъри бузургони сухансаро ошно буда, аз файзи сухани онҳо баҳравар гардидааст. Чунонки дар ғазали зерин бо тазмин аз ғазали маъруфи Саъдӣ ғазали тозае эҷод намудааст:
Аз назар имрўз он сарви равонам меравад, Аз замин то осмон дуди фиғонам меравад.
Ҳар куҷо, к-он сарви мавзун азми рафтан мекунад, Ман ҳам аз худ меравам, гўё ки ҷонам меравад.

пешина
аз 500
навбатӣ