Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дам ба дам сад новаки ҳасрат ба ҷони хастаам, Аз фироқи он маҳи абрўкамонам меравад.
Бе лаби майгуни ҷонбахши Масеҳэъҷози ў, Сели хун ҳар дам зи чашми хунфишонам меравад.
Шўхи шаҳрошўби ман ҷо кард дар зери замин, Мавҷи ашкам аз замин то осмонам меравад.
Ҳар куҷо, к-аз партави шамъи ҷамолат дам задам, Сўхтам, азбаски оташ дар забонам меравад.
Нест осон сайри саҳрои муҳаббат сохтан, Сабзаҳои теғу ханҷар то миёнам меравад.
Дар муҳаббат булаҷаб афсонаҳо ангехтам, Дар ҷаҳон овозаи ин достонам меравад.
Ёр рафт аз дидаам, Макнуна, хуш гуфт, он ки гуфт:
«Ман ба чашми хеш мебинам, ки ҷонам меравад».
Гарчанде ғазали Нодира ҳамсанги ғазали Саъдӣ нест, вале дасти тавонманди ў дар гуфтани шеър ба хубӣ эҳсос мешавад.
Аз шоираҳои хушбаёни садаи ХІХ Тоҳира низ маъруф аст, ки бо номи Қурратулайн шўҳрат пайдо кардааст. Ин шоираи нотакрор, мутаассифона, ба иллати баҳоӣ будан кушта мешавад. Ашъоре, ки аз ў боқӣ мондааст, аз тавоноии ҳунар ва табъи саршори ў гувоҳӣ медиҳад. Ў на танҳо дар тарзи баёни пурназокат, балки дар маонии тозаву бикр низ истеъдоди фавқулъода доштааст:
Эй ба сари зулфи ту савдои ман В-аз ғами ҳиҷрони ту ғавғои ман.
Лаъли лабат кушт саропои ман Ман шуда ту омада бар ҷои ман.
Гарчи басе ранҷи ғамат бурдаам, Ҷоми паёпай зи бало хўрдаам.
Сўхта ҷонам, агар афсурдаам, Зиндадилам, гарчи зи ғам мурдаам Чун лаби ту ҳаст Масеҳои ман.
Ин шеър, ки бо вазни хушоҳанги муфтаилун/ муфтаилун/ фоилун гуфта шудааст, шомили мазомини баланди орифона низ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо