Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

мебошад Дар шеъри дигари ў тасвирҳои балеғи шоирона, таркибу ибороти ифодакунандаи ҳолоти занона ба мушоҳида меояд:
Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро, Асири хеш кунам оҳувони саҳроро.
В-агар ба наргиси шаҳлои хеш сурма кашам, Ба рўзи тира нишонам тамоми дунёро.
Гузори ман ба калисо агар фитад рўзе, Ба дини хеш барам духтарони тарсоро.
Байти аввали ғазали мазкур бо байти матлаи ғазали шоираи дигари ҳамин давра Тоҷуддавла яксон буда, аз он дарак медиҳад, ки бонувони суханвар аз ашъори ҳамдигар огоҳ будаанд ва тазмину ҷавобияҳое барои ҳамдигар гуфтаанд:
Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро, Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро.
Агарчи кабкхиромам, валек шаҳбозам, Ба пои ман нарасад даст ҳеҷ анқоро.
Агар ба талъати хубам назар кунад Юсуф, Дигар ҳавас накунад дидани Зулайхоро.
Агар ба наргиси шаҳлои хеш сурма кашам, Сияҳ кунам ба ҷаҳон рўзгори Лайлоро.
Ба ними ғамза тавонам, ки мурда зинда кунам, Хабар диҳед зи эъҷози ман Масеҳоро.
Чу Тоҷуддавла нишон шуд, зи хубрўёнам, Сабо зи толеи ман мужда деҳ шаҳаншоро.
Дар ин ғазал нишонаҳои сабки занон баръало ба мушоҳида мерасад. Муаллифи шеър дар инъикоси чеҳраи қаҳрамони ғиноӣ таркибҳои «зулфи анбаросо», «талъати хуб», «наргиси шаҳло»-ро ба кор мебарад. Вожаи «кабкхиром», ки шоира дар сифати худ ба кор бурдааст ва таркиби «ба наргиси шаҳлои хеш сурма кашам» метавонад танҳо хоси зан бошад.
Тоҷуддавла худро бо Зулайхо қиёс кардааст, на мисли шоираҳои салаф бо Юсуф, ки ин ҳам аз нишонаҳои нави сабки занон дар мазмунсозӣ ба шумор меояд.
Аз шоираҳои то асри ХХ танҳо чанд тани ангуштшуморе соҳибдевон буданд, ки Гавҳархонум (асри ХІХ) яке аз онҳост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо