Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ашъори ин шоира бо вуҷуди он ки соҳибсабк буданаш эҳсос намешавад ва мазмуну тасвирҳои комилан тоза ба мушоҳида намеоянд, маълум аст, ки завқу салиқаи хубе дорад. Барои намуна ғазалеро аз ашъори ў манзур менамоем:
Хез, аз тангдилӣ рў ба фазое бикунем, Андар он манзари хуш нашъунамое бикунем.
Умри мо яксара дар ранҷу батолат бигузашт, Фикри минои маю кунҷи сарое бикунем.
Умри бигзашта биёбем зи хами тирашабе, Рўз гар бо ту чунин ҳурлиқое бикунем.
Як даме хезу чу товус ба бўстон бихром, То дар атрофи чаман сайру сафое бикунем.
Шояд аз васли ту, эй ёри дилором ба дил, Дардҳое, ки нуҳуфтем, давое бикунем.
Ҷом додем гараву хирқа гирифтем иваз, То дар он хирқаи солус рабое бикунем.
Айби Гавҳар манамоед, ки шояд моро, Чун дар айёми шабоб аст, хатое бикунем.
Дар асри ХХ вуруди занон ба адабиёт баҷуръаттар шуд.
Чунончи, вақте шоирони саршиноси кишвари Эронро ба забон мегиранд, дар қатори Маликушшуаро Баҳор, Эраҷи Мирзо, Нимо Юшич, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Сўҳроби Сипеҳрӣ, Ахавони Солис, Фаридуни Таваллулӣ, Ҳушанги Ибтиҳоҷи Соя, Қайсари Аминпур, ҳатман асомии се ситораи пурҷилои назм Фурўғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ ба забон меояд, зеро ҳар кадоме аз ин занон ибтикоре дар шеъри форсӣ доранд.
Фурўғи Фаррухзод пурфурўғтарин чеҳраи шеъри ҳамзабонони мост, ки ҳамагӣ 32 сол умр дидааст. Фурўғ бо фазои хоси калимоти худ, бо шеваи баёни нотакрор, бо самимият ва содагии нодир, бо ифшои ҷаҳони ботинии як зани шоир ва ошиқ дар адабиёти форсӣ ҷойгоҳи хешро пайдо кард. Тасвирҳое, ки ў дар шеър сохт, тасовири ғайримунтазир буданд, мисли садои ҷонсўзи парвонае, ки бо сўзане ба дафтаре дўхта мешавад, андўҳи зани ошиқе, ки тамоми рўз дар оина мегиряд, дар боғча коштани дастҳо ва дар шохаҳои онҳо лона гузоштани парандагон ва амсоли ин.

пешина
аз 500
навбатӣ