Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў чароғе мехоҳад барои раҳоӣ ёфтан аз зулмот:
Ман аз ниҳояти шаб гап мезанам Ман аз ниҳояти торикӣ.
Агар ба дидани ман омадӣ, эй меҳрубон, Чароғ биёр ва як даричае, ки аз он ба издиҳоми кўчаи хушбахт бингарам.
Фурўғ ба зиндагӣ бо чашми худ нигарист ва нигоҳи моро низ ба он чи дид, мутаваҷҷеҳ намуд:
Зиндагӣ шояд
Як хиёбони дароз аст, ки ҳар рўз зане бо занбиле аз он мегузарад Зиндагӣ шояд ресмонест, ки марде бо он худро аз шоха меовезад Зиндагӣ шояд тифлест, ки аз мадраса бармегардад, Зиндагӣ шояд убури гиҷи раҳгузаре бошад, ки кулоҳ аз сар бармедорад Ва ба як раҳгузари дигар бо лабханди бемаънӣ мегўяд:
«Субҳ ба хайр».
Дар ин шеър мо бо чашми Фурўғ ба зиндагӣ менигарем ва онро холӣ аз рангҳои равшану шодоб мебинем. Эҳсос мекунем, ки ин шеър дар ҳоле таълиф шудааст, ки дили шоир аз якрангии зиндагӣ ва бефурўғии он танг шудааст.
Парвини Эътисомӣ низ мисли Фурўғ шоираи ҷавонмарг аст. Аммо Фурўғу Парвин мисли ду қутбе ҳастанд, ки яке ноорому тундҷўшу қолабшикан ва дигаре орому шикастанафсу фурўтан, вале ҳарду халлоқи нотакрори сухан. Парвини Эътисомӣ бештар чун шоири тамсилгаро шўҳрат дорад ва аз миёни занон то ҷое, ки огоҳ ҳастем, касе ба ин навъи шеър даст назадааст. Парвин аз печидаҳарфӣ барҳазар аст, фикраш равшан ва матлабаш бепироя мебошад. Дар аксари тамсилот, ки маъмулан баҳсе миёни ду ё се қаҳрамонҳои шеър сар мезинад, ғолибан дар шакли мунозира бартарии яке аз ҷонибҳо собит мешавад.

пешина
аз 500
навбатӣ