Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Масалан, дар тамсили «Сўзан ва нах» сўзан аз тавоноии хеш менозад ва нах дар посух мегўяд:
Хандид нах, ки мо ҳама ҷо бо ту ҳамраҳем, Бингар, ба рўзи таҷриба танҳо чӣ мекунӣ.
Дар тамсили дигар «Оини оина» баҳси оинаву шона оварда шудааст. Шона ба оина таъна мезанад, ки ў ин қадар ҷабри хубрўёнро мекашад, вале онҳо боз ҳам майл ба оина доранд. Оина панд медиҳад, ки:
Гуфто, ҳар он ки айби касе дар қафо шумурд, Ҳарчанд дил фиребаду рў хуш кунад, адўст.
Чун шона айби халқ макун мў ба мў аён, Дар пушти сар ниҳанд касеро, ки айбҷўст.
Шоири дигари мумтоз Симини Беҳбаҳонист, ки ўро «Нимои ғазал» ва «Ғазалбону» ҳам мегўянд. Шояд дар садаи ХХ касе ба ин зебоиву ҷозиба ғазал нагуфта бошад, ки Симин:
Биравед, то бимонам, биравед, то бимонам, Ки ман аз Ватан ҷудоӣ ба Худо наметавонам.
Чу маҷоли тан шавад тай, чу бирезадам рагу пай, Ту ҳамон ҳикояти най шунавӣ зи устухонам…
Дар ғазалҳои Симин мусиқии зебо ва гўшнавозе танинандоз аст:
Шўридаи озурдадили бесару по ман, Дар шаҳри шумо ошиқи ангуштнамо ман.
Девонатар аз мардуми девона агар ҳаст, Ҷоно, ба Худо ман, ба Худо ман, ба Худо, ман.
Шоҳи ҳама хубони сухангўи ғазалсоз, Аммо ба дари хонаи ишқи ту гадо ман.
Дар шеъри Симин низ лаҳни занона ва ҳиссиёти занонагии шоир басо ҳунармандона таҷассум ёфтааст:
Ҳанўз мўи бастаро агар ба шона во кунам, Басо асири хастаро зи ҳуққаҳо раҳо кунам.
Маро ҳамин зи шеър бас, ки масти бодаи ҳавас, Зи рўю мў ба ҳар нафас ҳазор моҷаро кунам.
Дар садаи ХХ дар Тоҷикистон шеъри бонувон хеле рушд кард ва имрўз кор ба ҷое расида, ки муваффақтарин шоирони мо зан ҳастанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо