Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ки феҳрасти асомии занони суханвари тоҷик хеле тўлонист ва дар он мешавад номҳои Мавҷудаи Ҳаким, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Озод Аминзода, Гулрухсор, Ҳадиса, Зулфия, Фарзона, Шаҳрия, Меҳринисо, Норинисо, Баҳринисо, Рафоат, Ситора, Нуқра, Хосият Вализода, Адиба, Гулноз, Шаҳноз, Раънои Мубориз, Мухлиса, Раънои Зоирдухт, Барно ва дигарон сабт шавад, бояд гуфт, ки шеъри онҳо якдаст нест. Аз миёни онҳо Гулрухсор аз аввалин шоираҳои муваффақи тоҷик дар садаи ХХ аст. Бидуни шак, ў аз шуарои навгаро ва ҷараёнсози шеъри муосири тоҷик аст, ки бо симои хоси худ ба адабиёти мо ворид шудааст ва дар ҳавзаи тафаккуру шеваи баён мўҳтаво ва тасвиру таркибҳо вежагиҳое тоза аз ҳунари худ падид овардааст.
Шоири соҳибсабк ҳамеша бо диду баён, андешаву тасвир ва забону ифодаи махсус имтиёз дорад. Тасвирҳои нотакрору ғайримунтазира, ҳисомезӣ, талмеҳу иҳом, рамзу самбул шеъри Гулрухсорро дар пайвастагӣ бо диди хос ва сабки фардӣ аз ашъори ҳамзамонон тафовут бахшидааст.
Гулрухсор шоираи эҳсосу шавқ ва ҳолу ҳавост. Ҳарчи мебинад, «аз равзанаи худ мебинад» ва бардошти худро дар мизони тасаввуроти хеш роҷеъ ба шеър санҷида рўи сафҳа меорад.
Агар сухан аз шакли шеър равад, зикри ин нукта воҷиб аст, ки шоир анвои ҷадид ва қадимро тақрибан баробар ба кор бурдааст. Яъне, барои ў қолаб худ ба худ муҳим нест. Ў дар пеши худ вазифа нагузоштааст, ки танҳо шеъри нав гўяд ё фақат шеъри суннатӣ. Барои Гулрухсор қаволиби шеър дар баробари мўҳтавои он моҳият дорад ва муҳим таносубу мувофиқати онҳост.
Гулрухсор шоираи навҷў аст ва равишҳои тозаи шеъриро бо бардошти эҷодкорона аз ниёгону муосирон ба кор мегирад. Ў дар шеър чеҳраи мушаххас, тариқи гуфтор ва чашмандози худро дорад. Аз пушти шеъри ў бонуе қавирўҳу мубориз, пуршўру бовиқор ғолибан бо нигоҳе мутакаббирона ва тамасхуромез ба ин ҷаҳон ва каҷравиҳои он менигарад ва ин як навъ ниқобест, ки дар паси он ҳузну андўҳ ва танҳоии тазиқбахши шоир пинҳон мемонад.

пешина
аз 500
навбатӣ