Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ин қадар исрору такрорҳое, ки ҳолати ҳузну андўҳ ва танҳоиро ба силки тасвир мекашад, наметавон Гулрухсорро музтару ҳаросон ва бечораву паршикаста тасаввур кард. Ашъоре бо ин мўҳтаво гўё ҳолу ҳавои даргузари шоирро ифода кардаанд.
Симои Гулрухсор аз пушти як силсила шеърҳо чун тимсоли «модари миллат» ва машъалдору гулханафрўз ҷилвагар мешавад.
Нур овардан, зулматро куштан рисолати инсонест, ки миллати худро дўст медорад ва ба рағми марг зиндагӣ меофарад ва дар ин ҷода ҳатто душманашро низ дўст медорад:
Ман ба зулматзодагон гуфтам:
Зи нуробод меоям, қосиди нурам.
Баски аз таҷрибаи торикии торих биноям, Нурдастурам.
Шамъ дар каф, ханда дар лаб омадам, Ман барои куштани шаб омадам.
Кўшиши худро ба сияҳтинатон муқобил гузоштан як силсила ашъореро ба бор овардааст, ки дар онҳо Гулрухсор бо сари баланду боғурур дар баландии дастнорасе ба рағми пасткашон қарор мегирад:
Ҷурми мани бўҳтонзада бар халқ аён аст, Дар ҷамъияти рўсияҳон рўйсафедам.
Байни ҳама зоғу зағану каргасу калмурғ, Ман қуи сафедам!
Фарзона низ ба унвони шоири соҳибсабк эътироф шудааст. Нармиву назокате, ки табиатан хоси ўст, дар шеъраш низ чун вежагии услубӣ падид омадааст:
Рехт бар хотираи ёсуманӣ субҳнамам, Рост аз ҳошияҳо сурмаи чашми қаламам.
Буданам чист дар ин хомушии беҷарақа, Ҳастии гумшудаам, хандахариши адамам.
Дар паси шеъри ў бонуест бағоят ҳассос ва шишаи қалбаш он қадр нафис аст, ки аз камтарин осеб садпора мешавад

пешина
аз 500
навбатӣ