Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва ин матлабро худи ў чунин таъкид мекунад:
Мазан панҷа, ки ҳассос офаридӣ, Пионуям, гиторам, уду ноям.
Ё ки:
Як такон мешиканад қалби булўрини маро, Раҳм кун, даст назан, даст назан, даст назан.
Лобалои ашъораш сухан аз ишқ аст. Дар шеъри ў ангезае ҳаст аз шуарои орифи мо, шаъшаае ҳаст аз офтоби ирфон, ки нури ҳумоюниаш дар сурудаҳояш мунташир шудааст:
Ман фақат як калима медонам – ишқ, Бигузор, ин калима гардонам, ишқ, ишқ, ишқ.
Дар тамоми роҳҳои зиндагӣ ў аз ишқ мадад меҷўяд:
Ту маро бар ҳар дари аслу маҷоз, Қосиди фархунда кун, эй ишқ, ишқ.
Мухотаби шоир ва ишқи ў, қабл аз ҳама ба он яктои беҳамто, баъдан ба шеър, ба зиндагӣ, ба кулли инсонҳост. Ў мехоҳад ба ҳамаи онҳое, ки ўро дўст медоранд ва ё нафрат доранд, гули сипос хадя кунад:
Гули сипос хадя хохам бурд, Ба тамоми сипосмандону носипосон, Ба шиносу ношиносон…
Ба касе, ки тамоми некии олам сифоти аслии ўст, Ба ту, оре, ба ту, эй дуст.
Мароми зиндагии ў некӣ кардан аст ва ин ҳарфҳоро ў барои худ ва ҳамагон мегўяд:
Зиндагӣ чанд диҳад фурсати некӣ кардан, То нафас бо нафас оғўш кунад, некӣ кун, Дар ҳар аҷзои ту ангезаи сад Ҳурмуз аст, То аҷал ояду хомўш кунад, некӣ кун.
Калимаҳои калидии шеъри ў ишқ, субҳ, хуршед, фардо, равзана, шукр, некӣ, нур, рўшноӣ, атр, Аҳуро, фарвардин ва ғ.
ҳастанд, ки ҷавҳар ва бунмояи ашъораш бар ин мабно қарор доранд.
Шоира Зулфия низ, ки шоираи мардумии Тоҷикистон аст, мароми шуарои имрўзи тоҷикро ифода мекунад:
Кош з-ин пас меҳр афзунтар шавад, Қарни ишқу меҳрубонӣ сар шавад.

пешина
аз 500
навбатӣ