Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Насли тозаи шоирони зан Адиба, Гулноз, Барно, Шахноз, Мухлиса, Дилором навнигоҳу навпазиранд, Онҳо аз шеъри тавонотарин адибони эрониву тоҷик ангеза ҷуста, сайъ доранд, ки ҳарфи тозаи хешро гўянд.
Масалан, Адиба мегўяд:
Зулматнисор хотиру афкори ин замон,
Мақдуми субҳ дар дили бедори мо фирист.
Ҳамин тариқ, аз баррасии иҷмолии шеъри бонувони сухангустар метавон ба хулосае расид, ки шеъри онҳо бо вуҷуди он ки якдаст нест, дар ашъори онон олитарин намунаҳои хаёлоти бадеъро, ки далели табъи расои онҳост, метавон пайдо кард. Дар ин мақола кўшиш шуд, ки намунаҳои хуби шеъри бонувон барои таҳқиқ истифода шаванд. Маълум мешавад, ки ашъори занон аз ҳайси корбурди воситаҳои тасвири бадеӣ назаррасанд. Хоса санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, тавсиф, маҷозу киноя ва тазоду муқобила воситаҳои хуби баёни хаёлоти бадеии онҳост. Дар ашъоре, ки дар ин мақола иқтибос шуд, нишонаҳои сабки занони шоир, аз ҷумла таркибу ибороти махсус, баёни ҳиссиёти латифи занонаро мушоҳида мекунем. Маълум мешавад, ки аз қарне то қарни дигар шеъри занон нерўманд гардида, дар садаи ХХ дар ашъори занони суханваре чун Фурўғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Гулрухсор, Фарзона ва дигарон бо тамоми шаҳомат ва зебоӣ таҷаллӣ намудааст.

Пайнавишт:

  1. Адиба. Гиряи ишқ.–Хуҷанд, 1999.
  2. Алиакбар Мушири Салимӣ. Занони суханвар (аз як ҳазор сол пеш то имрўз, ки ба забони порсӣ сухан гуфтаанд). Дафтарҳои 1-3.– Теҳрон, 1335.
  3. Ато. Занони сухансаро. Дар пўяи адаби дарӣ.–Кобул, 1365.
  4. Девони Зебуннисо (Махфӣ) / Бо таҳқиқ ва баррасии д-р Маҳиндухти Сиддиқиён ва д-р Абўтолиби Миробидинӣ.–Теҳрон, 1381.
  5. Девони Парвини Эътисомӣ / Бо кўшиши Валиюллоҳ Дурудиён.– Теҳрон, 1382.
  6. Кишоварзи Садр. Аз Робиа то Парвин.–Теҳрон: Чопи Ковиён, 1333.–282 с.
пешина
аз 500
навбатӣ