Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Мастураи Курдистонӣ. Девон / Бо кўшиши Аҳмади Карамӣ.– Теҳрон, 1362.
  2. Матлубаи Мирзоюнус. Сиришке дар лола (Нигоҳе ба рўзгор ва осори Робиаи Балхӣ).–Хуҷанд, 1998.–160 с.
  3. Матлубаи Мирзоюнус. Шукуфаи андўҳ (Нигоҳе ба рўзгор ва осори Фурўғи Фаррухзод).–Хуҷанд, 1999.–330 с.
  4. Матлубаи Мирзоюнус. Шамъи тироз (Нигоҳе ба рўзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ).–Хуҷанд, 2001.–320 с.
  5. Матлубаи Мирзоюнус. Ҳамзоди тўфон (Нигоҳе ба рўзгор ва осори Гулрухсор).–Душанбе: Адиб, 2007.–260 с.
  6. Муҳаммад Ҳасани Раҷабӣ. Машоҳири занони эронӣ ва порсигўй (аз оғоз то машрута).–Теҳрон, 1374.–263 с.
  7. Мир Маҳдии Шерозӣ. Тазкират-ул-хавотин.–Матбааи Навал Кишур, 1306.–178 с.
  8. Меҳрӣ Шоҳҳусайнӣ. Ҳафт шаҳри ишқ.–Теҳрон, 1383.
  9. Нодира. Девон.–Тошканд, 1963.
  10. Симини Беҳбаҳонӣ. Маҷмўаи ашъор.–Теҳрон: Нигоҳ, 1385.
  11. Тоҷӣ Усмон. Бисту се адиба.–Сталинобод, 1957.–126 с.
  12. Фахрии Ҳиравӣ. Ҷавоҳир-ул-аҷоиб.–Хуҷанд, 2005.
  13. Фаррух Пўрон. Занон ҳамеша.–Теҳрон, 1381.
  14. Фарзона. Мўҳри гули мино.–Хуҷанд, 2006.
  15. Фурўғи Фаррухзод. Девони ашъор / Бо кўшиши Беҳрўз Ҷалолӣ.–Теҳрон, 1373.
  16. Хубони порсигў. Бонувони сухансарои тоҷик / Бо эҳтимоми д-р Мирзо Муллоаҳмад.–Теҳрон: Нашри «Рўзгор», 1382.–279 с.
  17. Ҷаҳонмаликхотун. Девони комил / Ба кўшиши д-р Пўрондухти Кошонирод ва Комили Аҳмаднаҷод.–Теҳрон, 1374.
    Соли 2009

НАҚШИ ЗАНОНИ ОРИФ ДАР ТАЪРИХИ ИРФОН

Таърихи ирфони исломӣ дар радифи сўфиёни бузург ном ва аъмоли бонувони зиёди орифро низ ҳифз кардааст, ки дар густариши ирфон хидмати шоиста ба ҷо овардаанд. Ҳузури занони муҳаддис, мавҷудияти хонақоҳу масоҷид ва мадрасаҳои махсуси бонувон, расидани занон ба мавқеи салотинӣ, хидмати эшон дар шинохти ҳуқуқҳои хеш ва ғайра – ҳама аз он дарак медиҳанд, ки теъдоди зиёди нисвони донишманд ва соҳибфазл дар рушди илму фарҳанг ва сиёсату дин саҳмгузор будаанд.
Шинохти шахсият ва корномаи занони номвар дар таърих барои имрўзиён басо муҳим аст, зеро бад-ин васила, мо метавонем аз хидматҳои эшон дар фарҳангу тамаддуни худ огоҳ бошем, бовар кунем, ки ақлу фаросати зан дар қиёс бо имконоти фитриву фикрии мардон норасову камтар нест.

пешина
аз 500
навбатӣ