Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чанд масъалае ҳаст, ки дар ин мақола мавриди назари мост:

  1. Маъруфтарин бонувони ориф киҳо буданд?
  2. Хидмати занони ориф дар ирфони исломӣ; 3. Арҷ гузоштани бузургмардони тасаввуф ба шахсияти бонувони ориф; 4. Корнома, каромот ва фазилатҳои нисвони ориф.
    Таърих гувоҳ аст, ки дар маҷмўъ, хоса дар оғози ирфон нигоҳи мардҳои мутасаввиф ба занон манфӣ буда, онҳоро тимсоли нафси аммора, барангезандаи нерўҳои шайтониву шаҳвонӣ, иғвогариву раҳзанӣ донистаанд. Дар осори бузургмардони ирфон ҳатто фалак ба мисли зани фитнакору аҷузаест, ки мардонро ба доми худ мекашад. Аммо дар баробари чунин афкори ҳоким воқеияти ҳол чунин аст, ки занон гоҳе бештар аз мардон дар роҳи расидан ба ҳақ риёзат кашидаву ҷоннисорӣ карда, бо устувории ҳайратангез тамоми мушкилотро таҳаммул намудаанд.
    Бино ба қавли А. Шиммел, - донишманди фалсафа ва адабиёти Шарқ, занон низ дар баробари мардон ҳуқуқ доштанд, ки дар ҷаласаҳои аҳли тасаввуф ширкат намоянд.
    «Ба гувоҳи таърих, бархе занон ҳомии хонақоҳҳои урафо ва сўфиён будаанд… Дар тўли қуруни мутамодӣ ба номи занони ашрофзода ва ҳатто дарборӣ, монанди духтарони Аврангзеб, императори муғул бармехўрем, ки барои урафои пуровозаи замони худ хонаву масҷид ва мадраса месохтанд, то машмули дуои хайри онон шаванд» (1).
    А. Шиммел ҳамчунин аз мавҷудияти хонақоҳҳои махсуси занон бо шайхаҳои худ дар Мисри қуруни вусто ва такяи дарвешӣ дар Туркияи асри ХIV, ки раисии онро зане аз табори Ҷалолиддини Румӣ бар ўҳда дошт ва мардҳо аз ў таълим мегирифтанд, иттилоъ медиҳад (2).
    Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳое, ки роҷеъ ба рўзгори занони ориф ахбори ҷолибро фаро гирифтааст, «Нафаҳот-ул-унс»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
пешина
аз 500
навбатӣ