Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Абдураҳмони Ҷомӣ бо истинод ба Шайх Абўабдураҳмони Сулламӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Шайх Фаридуддини Аттор ва муаллифони тазкираву осори дигари ирфонӣ боберо дар зикри аҳволи занони ориф бо номи «Фӣ зикр - ун - нисо ал - орифот ал - восилот ило маротиб ар - риҷол» тахсис додааст. Дар ин боб роҷеъ ба аҳволи 33 нафар занони маъруфи сўфӣ, аз ҷумла Робиаи Адвия, Лубоба, Марями Басрӣ, Райҳона, Муозат-ул- Адвия, Шаъвона, Уфайраи Обида, Курдия, Хафса бинти Сирин, Ҳакимаи Димишқӣ, Умми Ҳасан, Фотимаи Нишопурӣ, Зайтуна, Умми Алӣ, Фотима бинти Абўбакр-ал-Каттонӣ, Физзат, Талмиза, Тўҳфа, Умми Муҳаммад, Духтари Каъб, Ҷория ва дигарон маълумот оварда шудааст (3). Тазкираи дигаре, ки перомуни занони ориф ахбори муҳим медиҳад, «Сафинат-ул-авлиё»-и Муҳаммади Дорошукўҳ мебошад, ки дар асри ХVII ба қалам омадааст. Дар ин тазкира низ зикри 33 нафар занони соҳибэҳтироми олами ислом, ки соҳиби асар эшонро ба се гурўҳ ҷудо намудааст, ба назар меояд: 1. Зикри нисо ал - орифот разияллоҳу анҳумо ва зикри азвоҷи мутаҳарроти набӣ (с) (11 нафар); 2. Зикри баноти тоҳироти он ҳазрат (с) (4 нафар); 3. Зикри нисо ал - орифот ас
- солеҳот (18 нафар).
Аз ин миён дар қисмати аввал асомии ҳазрати Хадичаи Кибриё, ҳазрати Оишаи Сиддиқа, ҳазрати Зайнаб, ҳазрати Суда, ҳазрати Сафия, ҳазрати умми Ҳабиба, ҳазрати Маймуна ва дигарон, дар қисмати дувум номҳои духтарони Пайғамбар - Фотимаи Заҳро, ҳазрати Зайнаб, ҳазрати Руқия ва ҳазрати Умми Гулсум ва дар қисмати севум ҳазрати Зоида, ҳазрати Шаъвона, ҳазрати Уфайрат-ул-Обида, ҳазрати Робиаи Басрӣ, ҳазрати Нафиса, ҳазрати Фотимаи Нишопурӣ, ҳазрати Тўҳфа, ҳазрати Умми Исо, ҳазрати Маймунаи Воиза, ҳазрати Хадичаи Воиза, ҳазрати Каримаи Марвазӣ, ҳазрати Фотимаи Воиза, ҳазрати Бибиҷамол Хотун ва дигарон зикр ёфтаанд (4).
Ҳамчунин иттилои ҷолибро перомуни рўзгор ва осори занони ориф аз тазкираҳои занон «Тазкират-ул-хавотин», «Тароҷим-ун-нисо», «Парданишинони сухангў», «Занони суханвар», «Дар пўяи адаби порсӣ», «Аз Робиа то Парвин», «Эъломун - нисо», «Хайроти ҳисон», «Занони номии Эрон ва ислом», «Машоҳири занони эронӣ ва порсигўй» ва амсоли ин метавон пайдо кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо