Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чунончи, тазкираи охирин дар бораи Умми Муҳаммад, Бону Боғбони Ардабилӣ, Бибӣ Ҳаёт, Робиаи Қуздорӣ, Робиаи Гелонӣ, Зебуннисо, Султонхонум, Садрия, Иффат, Фотимаи Сом, Мастураи Курдистонӣ, Навобаи Хафӣ ва чанд тани дигар ахбори муҳим дарҷ намудааст (5).
Ба иттифоқи кулли тазкиранигорон ва донишмандон нахустин зани ориф Робиаи Адвия шинохта шудааст, ки аз аҳли Басра буда, бино ба маълумоти «Луғатномаи Деҳхудо», «Робиаи Адвия духтари Исмоили Адвии Қайсист, ки дар соли 125 ҳ. қ. даргузашт. Заркулӣ гўяд: Дар некўкорӣ машҳур буда ва дар зўҳду ибодат ахбори бисёре аз ў расидааст. Дар Басра мутаваллид шуд ва ба Байтулмуқаддас кўч кард ва дар он ҷо мурд». Дар «Луғатнома» пораҳо аз гуфтори ў ва ёддоштҳо дар борааш зикр шудааст: «Аз гуфтори ўст: Ҳамчунон ки гуноҳонатонро пинҳон мекунед, некўиҳоро низ пинҳон кунед», Абдулло ибни Мўсо гуфт: «Бар Робиаи Адвия дар хонааш дохил шудам, дидам, сурати ў нуронӣ аст. Бисёр гиря мекард. Марде ояте аз Қуръонро, ки зикри оташ дар он шуда буд, хонд, пас фарёд заду фурў афтод» (6).
Муставфӣ дар «Таърихи гузида» гўяд: «Вай муосири Ҳасани Басрӣ буд. Аз суханони ўст: «Илоҳо, дар намоз диле ҳозир бидеҳ ё намози бедилон қабул кун».
Соҳиби «Ғиёс-ул-луғот» ваҷҳи тасмияи ин занро ба Робия орад, ки духтари чаҳоруми падари хеш будааст.
«Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор дар бораи Робиаи Адвия хеле муфассал маълумот медиҳад. «Тазкират-ул-авлиё» на танҳо дар мақолаи алоҳида, баки дар бобе, ки зикри Ҳасани Басрӣ омадааст, аз Робиа нақл мекунад. Аз ҷумла, сухан дар бораи он меравад, ки сўфии бузург Ҳасани Басрӣ дар ҳафта як бор маҷлиси ваъз гуфтӣ ва ҳар боре, ки ба минбар баромадӣ, чун обидаро надидӣ, маҷлис ба тарк гирифтӣ ва фуруд омадӣ. Гуфтанд, эй Хоҷа, чандин мусалмонон ва хоҷагону бузургон омаданд, агар пиразани миқнаадоре наояд, чӣ бошад? Ў гуфтӣ: Оре, шарбате, ки мо барои пилон сохта бошем, дар синаи мўрон натавонем рехт ва ҳар гоҳ, ки маҷлис гарм шудӣ, рўй ба Робиа кардӣ, ки эй дар гилем пўшида ё саида, ин ҳама гармӣ аз як ахгари дили туст».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо