Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунин Шайх Аттор чанд ҳикояти дигаре дар ин тазкира меафзояд, ки ин ҷо як-ду намуна манзур мешавад:
Як шаб дар савмаа намоз мекард. Мондагӣ дар ў асар кард, дар хоб рафт ва аз ғояти истиғроқ ҳасир дар чашми ў шикаст, хун равон гардид ва ўро хабар набуд. Дузде даромад. Робиа чодаре дошт, баргирифт. Хост берун биёяд, роҳи дар наёфт. Чодар гузошт ва рафт, роҳ боздид. Бозгашт ва боз чодар баргирифт ва омад, боз роҳ наёфт ва чодар гузошт. Саранҷом аз гўшаи савмаа овоз омад, ки «Эй мард, худро ранҷ мадор, ки ў чандин сол аст худро ба мо супурдааст. Иблис заҳра надорад, ки дар гирди ў гардад, дуздеро кай заҳраи он бувад, ки гирди чодари ў гардад? Бирав, эй таррор, ранҷа мабош. Агар як дўст хуфта, як дўст бедор аст». Ва ҳикояти дигар ин аст:
Якеро дид, ки исобае бар сар баста буд. Гуфт: «Чаро исоба бастаӣ?» Гуфт: «Сарам дард мекунад». Робиа гуфт: «Туро чанд сол аст?» Гуфт: «Сӣ сол». Гуфт: «Бештари умр дар дард ва ғам будаӣ?» Гуфт: «На». Гуфт: «Сӣ сол тани дуруст доштӣ, ҳаргиз исобаи шукр бар сар набастӣ. Ба як шаб, ки дарди сар дод, исобаи шикоят дармебандӣ?»
Вақте дар фасли баҳор ба хона рафт ва сар фурў бурд.
Ходима гуфт:
«Ё Саида, берун ой, то сунъ бинӣ». Робиа гуфт: «Ту боре дарой, то сонеъ бинӣ» (7).
Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» зикри Робиаи Адвияро карда, аз сифоти шахсии ў сухан ба миён меорад. Вале ба ҷуз аз аҳли Басра буданаш асноди дақиқе надорад. Аз ҷумла дар «Нафаҳот»
омада: «Суфёни Саврӣ аз вай масоил мепурсид ва ба мавъизат ва дуои вай рағбат менамуд. Робиа гуфт: «Ҳар чизеро самарае ҳаст ва самараи маърифат рўй ба Худои таоло овардан аст». Суфён пурсид: «Беҳтарин чизе, ки банда ба воситаи вай тақарруб бо Худо ҷўяд, чист? Гуфт: Он ки бидонад, ки аз дунё ва охират ғайреро дўст намедорад». Рўзе Суфён гуфт: «Во, ҳузно».

пешина
аз 500
навбатӣ