Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Робиа гуфт: «Дурўғ магўй. Агар ту маҳзун будӣ, туро зиндагӣ хушгувор набудӣ». Ва ҳам гуфтӣ: «Андўҳи ман аз он нест, ки андўҳгинам. Андўҳи ман аз он аст, ки андўҳгин нестам».
Шарқшиноси маъруф А. Е. Крымский навиштааст, ки муаллифи нахустин шеърҳо – гимнҳои ошиқонаи орифона зан- зоҳиде аз Байтулмуқаддас, ки дар солҳои 752-753 даргузаштааст, маҳсуб мешавад (8). Дар ҳамин рисола А. Е. Крымский Робиаро шоираи шўридадил («экзальтированная») меномад ва аз ишқи ў ба зоти Ҳақ сухан кушода, намунаеро аз ашъораш интиқол мекунад.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки Робиаи Адвия аз аввалин занони мутасаввиф ва шоираи арабзабон будааст, ки дар Басра (шаҳр дар ҷануби Ироқ) умр ба сар бурда ва дар Байтулмуқаддас дар пиронсолӣ вафот кардааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар оилаи камбағал ба дунё омада, ба дасти як сарватманде ба канизӣ афтидааст. Баъди аз ғуломӣ озод шудан умри худро дар роҳи муҳаббат ба ҳақиқати азалӣ сарф намудааст. Бунёди ишқи ў бар васли махлуқ бо холиқ, олами суфлӣ бо улвӣ ва одаму олам будааст.
Дар бораи Робиаи Адвия дар соли 1928 Маргарит Смит китоберо бо номи «Робиаи Ориф» дар Кембриҷ ба табъ расонидааст.
Роҷеъ ба зиндагии занони ориф Алии Шариатӣ, Ҷаводи Нурбахш, Кароматулло Олимов (9) ва дигарон низ навиштаҳои арзишманд доранд. Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи таълифот бузургии занон дар сабру қаноат зикр ёфтааст. Чунончи, бино ба маълумоти Мавлоно Ҷомӣ, ҳазрати Ҷориа дар дайре хароб танҳо мезист; Муозат-ул-Адвия хоби шабро ба рўз ва хўроки рўзро ба шаб андохта буд; Уфайрат-ул-Обида ва Шаъвона кўрии чашмро аз кўрии дил авло донистаанд; Умрати Мисрӣ сӣ сол зимистону баҳор зери офтобу борон ба ду пой истода ибодат мекард; Умрати Хоразмӣ зиёда аз бист сол чизе нахўрдаву наёшомида буд.
Бисёр шуда, ки занони ориф устоду раҳнамо ва пири иршоди дигарон буданд. Чунонки Курдия хидмати Шаъвона мекард.

пешина
аз 500
навбатӣ