Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Шабе ба хоб рафта буд, ки Шаъвона ўро бедор кард ва гуфт, ки бархез, ин ҷо ҷои хоб нест, ҷои хоб дар гўр аст.
Аз ў пурсиданд: «Аз баракоти сўҳбати Шаъвона чӣ расид?».
Гуфт: «Аз он вақт, ки ба хидмати вай расидам, дунёро дўст надоштам ва ғами рўзӣ нахўрдам».
Ҳакимаи Димишқӣ, ки устоди Робиаи Шомиа буд, чун огоҳ шуд, ки шавҳари Робиа мехоҳад ба болои ў зани дигаре бигирад, ба ҳайрат гуфт: «Чун мехоҳад дили худро ба ду зан аз Худои таоло машғул гардонад?»
Гоҳе занон бо афкори пандомези худ бузургмардони тасаввуфро ба андеша водор намудаанд. Чунончи, Суфёни Саврӣ ба зиёрати Умми Ҳассон омада дар хонаи вай ба ғайр аз пораи ҳасир чизе намебинад ва маслиҳат медиҳад, ки ба писарони аммааш мактуб нависад, то онҳо аз ҳоли ў огоҳ бошанд». Умми Ҳассон посух мегўяд: «Дўст намедорам, барои ман вақте гузарад, ки дар он вақт аз Худои таоло ба ғайри вай машғул бошам».
Ё худ вақте Фотимаи Нишопурӣ чизе барои Зуннуни Мисрӣ фиристод, ў қабул накард, ки «қабул кардани чизе аз нисвон мазаллат аст ва нуқсон». Фотима гуфт: «Дар дунё ҳеҷ сўфӣ аз он беҳтар ва бузургтар нест, ки сабаб дар миён набинад».
Ағлаби урафо ва донишмандони машҳур бузургии занони орифро эътироф кардаанд. Нахуст, бояд ёдовар шуд, ки дар таълифоти мардҳо ҷой гирифтани бобҳои махсус перомуни занони сўфӣ далели раднопазири фикри мазкур аст.
Дар қисмати зиёди нақлу ҳикоёт дар бораи занони ориф мардони мутасаввиф шоҳиди ҳоланд. Минбари ваъзро тарк намудани Ҳасани Басрӣ ба хотири Робиаи Адвия, ба маҷлиси ваъзи Шаъвона ҳозир шудани марду зан, аз ў дуо хостани орифи маъруф Фузайл ибни Аёз, дар маърифати Қуръон беназир будани Фотимаи Нишопуриро эътироф намудани Боязиди Бастомӣ ва Зуннуни Мисрӣ, ба шарофати Умми Алӣ ақидаи худро тағйир додани Абўҳафси Ҳаддод дар бораи макрўҳ будани сухан аз зан ва мисолҳои бешумори дигар гувоҳи онанд, ки занони ориф дар камолоти ирфонӣ ба мартабаҳои баландтарин ноил шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо