Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нуктаи дигари қобили таваҷҷўҳ ин аст, ки бархи зиёди урафо каромоте аз худ зоҳир намудаанд ва дар ин ҷода занони ориф истисно нестанд. Дар «Сафинат-ул-авлиё»-и Дорошукўҳ нақле ҳаст дар бораи аҳволи Хадичаи Воиза, ки аз кибори нисои орифоти солеҳот будааст: «Гўянд, як бор дар Гелон хушксол шуд. Мардум ба ҷиҳати талаби борон берун рафтанд. Борон наборид. Ҳама ба хидмати Хадича омаданд ва дархости дуои нузули борон намуданд. Эшон саҳни хонаи худро рўфтанд ва гуфтанд: Худовандо, ман ҷорўб кардам, ту об бипош.
Дар ҳамон зудӣ борон даргирифт ва чандон борид, ки гўё сари машкҳо кушодаанд».
Ҳикоёти зиёде низ ба қудсияти занони ориф шаҳодат медиҳанд. Чунончи, Фотима бинти Мусанно бо кўмаки «Фотиҳат-ул-китоб» шавҳари занеро аз сафар баргардонид; Робиаи Шомиа ба ташт нигоҳ карда аз марги Ҳорунаррашид хабардор шуд; барои Ҷорияи Ҳабашия аз осмон табақи хўрок ва ибриқи об фуруд меомад; ба Ҳазрати Физзат ба ҷои гўсфанди қурбониаш гўсфанди дигаре фиристода шуд, ки шираш бо асал омехта буд; Ҳазрати Талмизаро Худои Таоло аз ҳар коре, ки пеш меомад, огоҳ мекард, бинобар ин, ў ба хабари ғарқ шудани писараш шубҳа кард ва ўро аз об зинда берун кашид; хонаи Ҳазрати Ҳафса бинти Сирин шабҳо бе чароғ равшан буд ва амсоли ин нақлҳои дигар, ки ҳама ба соҳибкаромот будани занон гувоҳӣ медиҳанд.
Нуктаи дигар ин аст, ки ағлаби занон ба ҷуз маърифати Қуръон ва ҷоннисорӣ дар роҳи Ҳақтаоло суханварони камназир буданд. Шўҳрати ҳазрати Шаъвона ба ҳайси воизи хушовоз ба дуру наздик интишор ёфта буд. Бархе аз қабили Робиаи Адвия, Райҳона, Шаъвона, Робиаи Шомиа, Тўҳфа, Умрати Маҷҳула ба арабӣ шеър гуфтаанд.
Аз миёни занони орифе, ки ашъорашон ба форсӣ маъруф аст, Робиаи Балхӣ, Зебуннисо, Иффат, Фотимаи Сом, Навобаи Хафӣ, Мастураи Курдистонӣ ва дигаронро метавон ном бурд.
Робиаи Балхӣ нахустин шоираи форсизабон буд, ки қиссаи ошиқии ў ба ғулом боиси ҳалокаташ гардид. Вале ин муҳаббати ў баҳонае буд барои дўст доштани Худованд.

пешина
аз 500
навбатӣ