Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ашъори боқимондаи Робиа аз истеъдоди беназири ў дар ҳунари сухангустарӣ шаҳодат медиҳад. Намунаҳои зерин гувоҳи ҳоланд:
Ишқ дарёи каронанопадид
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ, Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд.
Ё ки:
Даъвати ман бар ту он шуд, к-эзидат ошиқ кунод Бар яке сангиндиле номеҳрубон чун хештан.
То бидонӣ дарди ишқу доғи меҳру ғам х(в)арӣ, То ба ҳаҷр андар бипечиву бидонӣ қадри ман.
Ва боз:
Кош-к танам боз ёфтӣ хабари дил, Кош-к дилам боз ёфтӣ хабари тан.
Кош-к ман аз ту бирастаме ба саломат, Ой фусусо, куҷо равонам растан?
Фотимаи Сом аз занони зоҳид, ориф ва шоири Ҳиндустон буда, дар асри Х11 зиндагӣ кардааст. Байти зерин моли ўст:
Ҳам ишқ талаб куниву ҳам ҷон хоҳӣ, Ҳарду талабӣ, вале муяссар нашавад.
Зебуннисо бо он ки духтари шоҳ буд, рў ба фақр ниҳод ва аз тааллуқоти дуниявӣ даст кашид. Абёти зерин ҳамин маъниро ифода мекунад ва далели ишқи фидокоронаи муаллиф аст:
Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ, Дар муҳити комилам парвона ҳам шогирди мост.
Духтари шоҳам, валекин рў ба фақр овардаам Зебу зиннат бас ҳамин аст, номи ман Зебуннисост.
Иффат тахаллуси Ҳумоюни Султонхонум машҳур ба Хонуми Хонумон буда, дар асри ХVIII умр ба сар бурдааст.
Тағаззулоти ў моявар аз ишқи ҳақиқӣ ва мабнӣ бар афкори ирфонист. Иффат бештар ба мутолиаи «Маснавии маънавӣ»
машғул буд ва дар сабки Мавлавӣ шеър мегуфт. Ашъори зерин ба қалами ў мансуб аст:

пешина
аз 500
навбатӣ