Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Майли хотир мекашад тоза ба он, То зи нав орам ҳадисе дар миён.
Ҳаст дар шаҳри муҳаббат тозаҳо Дар китоби дўстӣ шерозаҳо.
Ғайри ишқам ҳеҷ дар тақрир не, Дил зи ёди ишқ ҳаргиз сер не.
Ташнагонро нест лаззат ғайри об, Хастагонро нест роҳат ғайри хоб.
Ғарқа дар дарё нахоҳад ҷуз канор, Дар зимистон ҳар касе ҷўяд баҳор.
Ҳар киро бошад баҳоре дар ҷаҳон, Ишқ мебошад баҳори ошиқон.
Орифаи дигаре, ки дар ҳамин давра зиндагӣ кардааст ва бо номи Моҳшарафхонум низ маъруф аст, Мастураи Курдистонӣ мебошад.
Ашъори ў саршор аз мазомини ирфонӣ аст ва ғолибан дар шакли ғазалу қасида ва қитъаву рубоӣ гуфта шудааст.
Рубоии зерин маҳсули қалами ўст:
Дар фурқати ту сабру таҳаммул то чанд, Нолону ғазалсаро чу булбул то чанд.
Хун шуд диламу меҳнати айёми фироқ, Ин ҷавру ҷафо бо манат, эй гул, то чанд.
Дар асри ХІХ низ тамоюли ирфонӣ дар шеъри форсӣ идома дошт ва нисвони ориф дар рушди он саҳмгузор буданд.
Аз миёни онҳо метавон Навобаи Хафиро, ки девони шеъраш бо эҳтимоми Мирзомуҳаммади Шаҳоб гирдоварӣ шудааст, ном бурд. Абёти зерин намунаи ашъори диловези ў мебошад:
Кист, дар маҷлиси маъшуқ маро ёд кунад, Бошад ў ҳам ба яке ёд маро шод кунад.
Сахт дилтанг шудам, навбати фарёд расид, Мурғи бедил чӣ ба ҷуз нолаву фарёд кунад.
Раҳм агар ҳаст дар ин даҳр, аҷал дораду бас, Ки ҳама тоири рўҳ аз қафас озод кунад.
Қисса аз талъати Ширин кунад осори Хафӣ, Бесутун қисса гар аз ҳиммати Фарҳод кунад.
Ҳамин тариқ, ошноӣ бо шахсият ва корномаи занони ориф дигарбора собит мекунад, ки дар тўли бештар аз ҳазор соли охир занони мусалмон на танҳо дар домани худ бузургмардони илму адаб ва фарҳангу ирфонро парваридаанд, балки бархе аз эшон худашон низ ба мартабаҳои баланди маънавии ирфону адаб расидаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо