Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Таҳлили ҷилваҳои афкори ирфонӣ ва ашъори арзишманди эшон бо фарогирии маводи сарчашмаҳои фаровон фурсат ва имконоти дигар мехоҳад, вале он чи ин ҷо гуфта шуд, аз таърихи пурифтихори ширкати занон дар рушди ирфон хабар медиҳад ва хидмати эшонро дар густариши тафаккур ва адаби ирфонӣ табйин менамояд.
Пайнавишт:
- А. Шиммель. Занон дар ирфони исломӣ // Маҷаллаи «Занон», шумораи 51, с. 49.
- Ҳамон ҷо, с. 49.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс.–Теҳрон, 1370, с. 608.
- Муҳаммади Дорошукўҳ. Сафинат-ул-авлиё. Ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи рақами 546.
- Муҳаммадҳасани Раҷабӣ. Машоҳири занони эронӣ ва порсигўй.– Теҳрон, 1374.
- Луғатномаи Деҳхудо, саҳ. 10275.
- Фаридуддини Аттор. Тазкират-ул-авлиё.–Теҳрон, 1371, с. 36.
- Крымский А. Е. Низами и его современники.–Баку, 1981, с. 215.
- Олимов К. Бонувони ориф.–Дар кит.: Баррасиҳо дар тасаввуф.–Душанбе, 1999.
Соли 2005
ПАЁМИ НАВРЎЗИИ «ХУБОНИ ПОРСИГЎ»
Наврўз дар зеҳни аҳли башар ва пеш аз ҳама мардуми Аҷам пайки сабзи баҳор, бедории замину заминиён пас аз тундтозиҳои сармои зимистон, мўъҷизаи тавлиди ҳаёт аст.
Агар ба таърихи баҳорномаҳои занони суханвар ва тобишҳои маъноии Наврўз дар ашъори онҳо мутаваҷҷеҳ шавем, ба ёд мерасад, ки ҳанўз дар замони Сомониён Робиаи Балхӣ ашъори наврўзии басо латифу дилангез гуфта буд, ки саропо аз тасвирҳои пуробуранг, тавсифу ташбеҳҳо ва талмеҳу истиораҳо таркиб ёфтааст. Ду ғазали ў, яке бо матлаи:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо