Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Фишонд аз савсану гул симу зар бод, Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.
Бидод аз нақши Озор сад нишон об Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод ва дигар бо байти:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт, Чаман ранги Аржанги Моно гирифт, - оғоз меёбанд, ки манзараи баҳорро бо гулу сабза ва абру борону боди масеҳонафас пеши назар мунъакис мекунанд. Дар онҳо васоити тасвири бадеӣ хеле фаровон истифода шуда, талмеҳҳои «нақши Озар», «сеҳри Монӣ», «лутфи Исо», «чашми Одам», «Аржанги Моно», «Мушки Тибат», «чашми Маҷнун», «рухсори Лайло», «тоҷи Кисро», ташбеҳҳои измор, тавсифҳои хотирнишини «девона абр», «ҷоми зар», «гули хушбў», «субҳи пардадар», «чашми ноаҳл», «ақиқин қадаҳ», «наргиси тоза» – ҳама барои падид овардани ҷилваҳои нав ба нави баҳори афсунгар коргар омадаанд. Дар ин тағаззулоти баҳория танҳо як байт аз мавзўи баҳор дур рафта, ҳадафи аслии шоирро бозгў мекунад, ки ин аст:
Кадаҳ гир чандеву дунё магир, Ки бадбахт шуд он, ки дунё гирифт.
Шоир аз кайфияти табиат ба ҳоли инсон рў меорад.
Манзури ў тавассути таҷаммули табиат сабақ додан ба инсон аст, зеро табиат ин қадар зебо, вале умри инсон басо кўтоҳу бебақост. Мафтун ва шукргузори ин тамошокада, шоду хуррам бояд умр ба сар бурд ва худро аз ғами ҷамъ овардани сарват бояд раҳо кард. Аз қадаҳи гул шаҳди зиндагӣ бояд нўшид, зеро ҳар кӣ дунё гирифт, бегумон, бадбахт шуд.
Дар ашъори Маҳастиву Ҷаҳонмаликхотун, Зебунисову Нодира, Парвини Эътисомиву Симини Беҳбаҳонӣ, Гулрухсору Фарзона, Зулфияву Шаҳрия, Адибаву Гулноз ва дигарон Наврўз василае барои ифшои розҳои андарунӣ, баёни эҳсоси шодиву ғам, интизории рўзи мурод, паёму ормонҳои ошиқонаву орифона, иҷтимоиву сиёсӣ, фалсафиву андарзӣ шудааст.
Дамидани боди наврўзиро аксари шоирон бо васли ёр мутаносиб қарор дода, ин ду мавзўъро дар ҳамбастагӣ ба шеър ворид кардаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо