Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунончи, Ҷаҳонмаликхотун гўяд:
Муаттар аст ҷаҳоне зи боди наврўзӣ, Чӣ бошад, ар шаби васлат маро шавад рўзӣ.
Наврўз аз нигоҳи Парвини Эътисомӣ нишони покизагиву накўкорӣ ва офарандагиву созандагист. Шоира насими наврўзиро «рўҳпарвар» ва «пайғомовар» меномад. Пайғом хушхабарест, ки насими наврўзӣ – ин қосиди шодӣ ва хуҷастафолро бо худ меорад ва ташрифаш, бидуни шак, ҷаҳонорост.
Парвин барои Наврўз тавсифи хеле шоиста ва нави «машшотакирдор»-ро истифода мебарад, ки шоҳиди назари тозабину шоиронаи ўст:
Ба рухсору ба тан машшотакирдор, Арўсони чаманро баст зевар.
Ба сари дарахтон «муборакбодгўён» пўшонидани чодари сабзи баргҳо аз истифодаи моҳиронаи оинҳои мардумӣ дар шеър дарак медиҳад:
Муборакбодгўён дарфиканданд
Дарахтонро ба торак сабз чодар.
Намонд андар чаман як шох, к-онро Напўшонданд рангин ҳулла дар бар.
Парвини Эътисомӣ табиатан шоири некмазҳар аст ва наврўз дар тасаввури ў фаслест, ки:
Фалак аз пастроиҳо мубарро,
Ҷаҳон з-олудакирдорӣ мутаҳҳар.
Ин байт баёнгари ормони шоира аз зиндагист, ки мехоҳад фалакро аз пастӣ ва ҷаҳонро аз олудагӣ поку мубарро бубинад.
Симини Беҳбаҳонӣ аз шоиронест, ки ҳар шеъраш ба ҷуз тавсиф ҳадафе дорад ва, маъмулан, манзури ў аз тасвири зебоиҳои баҳор зикри матолиби дигар аст. Масалан, дар шеъри «Пайки баҳор», ки аз ҳашт банд иборат аст, дар чаҳор банди аввал сухан аз мўъҷизаи дастони баҳор рафтааст. Симин бо қалами эъҷозофарини худ бо он самимият ва ҷозибае, ки танҳо хоси ўст, баҳорро хайрамақдам ва сипос мегўяд. Баҳори нозанин аз назари ў мисоли духтараки афсункорест, ки пайки дилангез меорад ва зебоӣ меофарад:

пешина
аз 500
навбатӣ