Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳ, эй пайки дилангези баҳор, Ки сафо ҳамраҳи худ меорӣ –
Бо туам, бо ту, ки дар домани худ Сабзаву сунбулу савсан дорӣ.
Дам ба дам бар лаби ҷўю сари кишт Менишиниву гуле мекорӣ…
Оҳ, эй духтараки афсункор.
Сухани шоира пур аз муҳаббату сипос аст барои сабзаву гул, лутфу хушбўӣ ва қиссаҳои дилорои ошиқона:
Пой ҳар ҷой ниҳӣ, сабза дамад, Даст ҳар ҷой занӣ, гул рўяд – Дар танат печад амвоҷи насим
Лутфу хушбўиву мастӣ ҷўяд.
Бо баногўши ту маҳтоби баҳор
Киссаи бўсаи ошиқ гўяд,
Омадӣ бозу сипос аст маро.
Симини Беҳбаҳонӣ бо тамоми огоҳӣ ва сипосмандӣ барои шарофату ободӣ ва хуррамию накўӣ, ки Наврўз бо худ меорад, дилаш ба ҳоли кўдакони бадбахти ҳамсоя месўзад, зеро баҳор аз ҳоли онҳо бехабар мондааст:
Аз чӣ дар хонаи онон асаре
Наниҳодӣ зи дилафрўзии хеш?
Аз чӣ дар боғчашон соз накард Булбуле нағмаи наврўзии хеш.
Симин шеъри худро бо мисраи «Кўдакон дида ба роҳат доранд» ба охир мерасонад ва аз умеди вуруди пайки бахор ва муждаи шодӣ ба хонаҳои кўдакони озурдадилу интизор сухан мегўяд.
Дар шеъри «Боз баҳор аст» шоира таъсири нафаси сабзи баҳорро ба дили инсонҳои гармхуну тозаҷў меозмояд. Ў боди наврўзиро «парисотану исодам» ба қалам медиҳад ва аз ҳикмати «шод будан» ва муғтанам шумурдани вақт ёдовар мешавад, зеро «ҳар кӣ дам аз умр ғанимат шумурд, гуфт, ки «Одам ҳама оҳу дам аст» ва он чи мусаллам бувад, «ин як дам аст». Аммо ин баҳори исодам коре бо дили шоир кардааст, ки ўро осуда намегузорад ва ба қавли Симин, «хонаву осоишу фарзанду шўй

пешина
аз 500
навбатӣ