Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳасту надонам, ки чӣ дигар кам аст»:
Боз пур аз ҳасрату девонагӣ
Ин дили лояъқили лояълам аст.
Ғазали зебои «Баҳори шоди шўрафкан», ки бо қофияҳои дохилӣ имтиёз дорад, мусиқии дилангезе аз замири мисраъҳо интишор менамояд:
Ду зулфи атрбезаш гул, нигини синарезаш гул, Сарири хуфту хезаш гул, бубин чӣ дилпазир омад.
Ҳаво ҳарири обӣ шуд, карона офтобӣ шуд, Магў ҳикоят аз борон, ки дил зи гиря сер омад.
Баҳор иқтидор дорад, ки дилҳои пирро дубора ҷавон кунад, ишқро дигарбора ҷон бубахшад. Аммо гоҳе мешавад, ки баҳор бо тамоми ҳусну ҷамол ба чашм хира метобад, зеро шавқи тамошоро пардаи ғам кўр мекунад. Чунин эҳсоси мағшушро шоир дар шеъри «Баҳор, боз ҳам сабзӣ? Чаро туро намебинам?» хеле ҳунармандона ба қалам додааст. Вақте дар оташи ҷанг хиттаҳо хароб мешаванд, ба ҷои тагарг тухми марг меборад ва хуни халқ нораво рехта мешавад, баҳор ранги хун мегирад. Дар ин шеър Симин зиндагиву маргро муқобили ҳам мегузорад ва ранги сабзи баҳорро бо ранги сурхи хун қиёс мекунад ва тавассути рангҳо, маъниҳо ва тасвирҳои мутаноқиз эҳсоси худро шарҳ медиҳад.
Ин тарзи маънигустарӣ ва мазмунсозӣ ба ашъори Гулрухсор низ хос аст. Барои Гулрухсор низ Наврўз – рамзи шукўҳу шодии дил аст, ки бо маргу хунрезӣ сиришташ ҳаргиз созгор нест. Бинобар ин, ҳақ ба ҷониби шоири тавонои афғон устод Халилуллоҳи Халилӣ аст, ки мегўяд:
Гўед ба Наврўз, ки имсол наояд, Бар кишвари хунинкафанон раҳ накушояд.
Ва Гулрухсор низ ба ҳамин маънӣ мегўяд, ки:
Шарме накард Наврўз аз куштаҳои меҳан Омад ҷавонаафшон бар пуштаҳои меҳан.
Шарми баҳор н-омад аз рақси гулфишонаш Рўзи фанои меҳан, рўзи азои меҳан.
Ин ҷо сухан аз фоҷиаҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ меравад, ки ба касофати он ҳазорҳо нафар кушта шуданд ва пуштаҳое аз қабри онҳо дар замини Ватан падид омад. Аммо фалаки гирдгардон ҳамоно чаҳор фасли солро паи ҳам гирд мегардонад ва аз паи зимистони яхбандон Наврўзи ҷавонаафшон бо рақси гулафшон ворид мешавад.

пешина
аз 500
навбатӣ