Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омадани Наврўз дар рўзҳои шуми бародаркушӣ шодибахш набуд, бинобар ин, шоир гўё аз ин шукўҳу зебоӣ дар сари қабри қурбониён шарм медорад. Аммо ба рағми марг шоир боз ҳам зиндагиро меситояд ва мутмаин аст, ки рўзгори ғамангез сипарӣ мешавад, фасли андўҳ мегузарад. Бинобар ин, дар ҷавобияи худ ба шеъри Халилӣ мегўяд, ки:
Гўед ба Наврўз, ки нав нест ғами мо, Аз ҳасрати хунинкафанон чашми нами мо Аз ваҳшати оқипадарон пушти хами мо, Гўед ба Наврўз, ки ҳар рўз биёяд…
Эҳсоси нохуши танҳоиву ҳасратро низ шоир тавассути тасвири Наврўз хеле бадард баён намудааст.
«Наврўз расиду нест як донаи гул дар хонаи Гул», – мегўяд ў. Гул шакли кўтоҳшудаи номи шоира аст ва маъмулан гулдонҳои шоира дар Наврўз пури гул буданд. Аммо, вақте ки миллат ид надорад ва шоира дилаш мурдаву «ошиқонаш гули ҳавасро дар боғи дигарон киштаанд», дар рўзгори носози мардум ва замони қатлу куштору бадбинӣ Наврўз андешаҳои ғамангезро таҳрик медиҳад.
Шеъри «Хонатаконӣ»-ро Гулрухсор таманнои наврўзӣ барои ошиқону орифон номида, заминаи таълифи онро чунин шарҳ додааст: «Хонатаконӣ яке аз шартҳои муҳими истиқболи Наврўз аст. Дар арафаи ид мардуми ориёӣ бо умеди навгониҳои наврўзӣ ҳама чизҳои кўҳнаву асбобҳои таркхўрдаро мепартоянд, хонаҳоро дударўб карда, сафед месозанд».
Гулрухсор аз ин оини наврўзӣ ҳикмате барои худ ва хонандагон дармеёбад, ки асоси он некӣ кардан аст:
Макун бад, аз бадӣ ҷуз бад нарўяд, Накў хоҳу накў бину накў кун.
Бубояд хонаи худро такидан,
Нахуст аммо дилатро дударў кун.
Шоира аз ҳикмати зардуштии «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» ёдовар шуда, хонатакониро оини неки мардуми Аҷам мешуморад, вале, ба андешаи ў, муҳимтар аз хона дили инсон аст, ки бояд пок бошад ва моил барои некӣ кардан.

пешина
аз 500
навбатӣ