Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳамин оини некӣ кардан шиори зиндагии Фарзона низ ҳаст. Каломи шукр ба он Ягонаи якто дар меҳвари андешаҳои шоира қарор дорад:
Наврўз шуду панҷараро боз намудем, Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз намудем.
Аз ашъори шоираҳои дигар низ намунаҳои фаровоне дар васфи Наврўз метавон пайдо кард, ки ҳамагӣ саршори тавсифу ташбеҳҳои латиф ҳастанд. Дар айни ҳол Наврўз заминаи тасвирсозе на танҳо барои ашъори ғиноӣ, балки барои шеърҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фалсафӣ низ мебошад.
Соли 2012
ДУХТАРИ КАЪБ АЗ НИГОҲИ ШАЙХИ МИҲНА
Аз асри Х дар радифи бузургони илму адаби форсӣ номи Робиаи Балхӣ ё духтари Каъб ба унвони нахустин зани суханвари форсигў, ки ибтикоре дар ташаккулу такомул ва густариши анвову авзони шеър дошт, то ба мо расидааст, вале ба илали касрати ихтилоф дар шарҳи ҳол ва ашъораш шахсият ва манзалати шоириаш то имрўз баҳсбарангез аст.
Дар ин мақола мо пеши худ вазифа гузоштем, ки ба ду суол равшанӣ андозем. Нахуст, кадимтарин маъхази иттилоъ дар бораи Робиа кадом буд ва суоли дигар, абёте, ки дар осори Шайх Абўсаид интиқол шуда ва дар баъзе сарчашмаҳо ба Робиа мансуб дониста шудааст, аслан моли кист?
Соҳибони сарчашмаҳое, ки дар бораи Робиа маълумот медиҳанд, дар бораи соли таваллуд ва вафоти ў, ҷои таваллуд ва макони зисти ў, мансубияти миллӣ (аҳли араб ё Аҷам буданаш), соҳиби ишқи ҳақиқӣ ё маҷозӣ будани шоира ва тааллуқ доштани баъзе ашъор ба қалами ў ихтилофи назар доранд.
Роҷеъ ба шарҳи ҳоли Робиа ҳарчи дастраси умум аст, мухтасаран чунин матраҳ шудааст:
Робиа духтари амири Балх Каъб аст, ки дар асри IV ҳ.
(Х мелодӣ) умр ба сар бурдааст. Соли таваллуд ва вафоташ маълум нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор